Нигоҳи чашму дил

«Предмети инъикоси публитсистӣ,- менависад донишманди соҳа А. Саъдуллоев, - ба ҳайси далели воқеии ҷаҳонбинӣ дар воқеияти актуалии иҷтимоӣ шинохта шудааст ва ҳадафи аслиаш таъсиррасонӣ ба шуури одамон барои тағйироти баъдӣ мебошад». Публитсистика омили муҳимми ташаккулдиҳандаи шуур, дарки моҳияти масъала, парчамбардори ғояҳои пешқадам, тарбиягари омма, пайвандгари наслҳои дирўз, имрўз ва оянда, ҳамчунин тарғибгари сиёсати давраи худ шинохта мешавад. Ба таъбири муҳаққиқони публитсистикаи тоҷик Нуралӣ Солеҳов ва Асадулло Саъдуллоев: «Публитсистика ба ташаккули афкори ҷамъият, ақида, нуқтаи афкор, манфиат ва часпу талош ёрӣ мерасонад, ба институтҳои иҷтимоӣ таъсир мегузорад, дар ҳаёти сиёсӣ ва идеалогӣ, дар ҳаёти ҷомеа нақши муайян дорад, ҳамчун силоҳи босалоҳият дар муборизаҳои ғоявӣ саҳм гирифта, ба тарбияи ҷамъиятии омма, таблиғ ва ташвиқ, усули ташкил ва интиқоли ахбори иҷтимоӣ ёрӣ мерасонад».
Ҳақиқат дар ҷавҳари публитсистика ниҳон аст, зеро он ҳолати имрўзи ҷомеаро дар бар гирифта, ояндаро ба ин восита тағйир медиҳад. Аз ин рў, сухани публитсист бояд мулоҳизакорона, саҳеҳ, мукаммал, хулосаи амиқ ва воқеият дошта бошад.
Инчунин публитсистика амали бошуурона ва мақсадноки инсонҳоро фаро гирифта, ба он баҳои воқеӣ медиҳад. Агар ба фаъолияти эҷодии гузаштагони илму адаби форсу тоҷик назар намоем, нишонаҳои публитсистикаро аз он бараъло эҳсос менамоем. Шояд дар ин самт садҳо асари арзишманд таълиф шуда бошад, аммо мутаасифона аз онҳо то давраи мо чизе боқӣ намондааст. Ҳарчанд дар давраҳои гуногун адибон ба навиштани ҳикоя, афсона, достон, қисса ва ғайра майли зиёд намуда бошанд ҳам, гурўҳе аз онҳо ба таълифи осори оҳанги публитсистидошта таваҷҷуҳ кардаанд. Бештари таълифоти онҳо ба адабиёт наздик аст ва он нисбат ба ҳақиқати воқеӣ, ҷанбаи тахайюлиаш қавитар аст.
Аксари донишмандони соҳаи публитсистикаи тоҷик «Сафарнома»-и Носири Хусрав, китоби нависанда ва шоири соҳибистеъдоди тоҷик Зайниддин Маҳмуди Восифӣ «Бадоеъ-улвақоеъ» ва асари фалсафию таърихии аллома Аҳмади Дониш «Наводир-ул-вақоеъ», «Мактаби куҳна»-и устод Садриддин Айнӣ, «Нақби Истиқлол»-и Бахтиёри Муртазоро намунаи беҳтарини осори публитсистӣ шинохтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё