Нигоҳи чашму дил

Ин мавзуъ қобили таъкид аст, зеро мутаассифона, дар навад дар сади очеркҳои мавзуӣ истеҳсолӣ низои сохта, воқеаҳои чун дуҳиссаи як себ ба ҳам шабеҳ ба касрат вомехўранд.
Низоъсозиро мо дар очеркҳои мавзуи ҳарбӣ-ватанпарварӣ, махсусан очеркҳо роҷеъ ба иштирокчиёни ҷанг бисёр пайдо мекунем, аммо Муртазоев аз ҳар чизи ростомада конфликт намесозад ва қаҳрамонҳояш низ ба ҷуз кор дарду ташвиши дигаре ҳам доранд». Мавзуъ, ғоя ва мундариҷаи ин очерки Б.
Муртазо ба очерки “Колхози Коммунизм”-и устод С. Айнӣ монандиҳо дорад. Асосан, хати асосии сужаи очерк аз муносибати инсон ба замин дарак медиҳад.
Як бахши публитсистикаи Б. Муртазоро очерку қиссаҳое ташкил медиҳанд, ки дар он қаҳрамонии муҳофизони ватан ва меҳнати мардум инъикос шудааст. «Ду мактуб» (Комсомоли Тоҷикистон, 1963. – 13 май), «Одамшинос» (Комсомоли Тоҷикистон, 1965. – 28 июл), «Калтакдори сурх» (Комсомоли Тоҷикистон, 1974. – 6 ноябр), «Дар шоҳроҳи Ватан» (Садои Шарқ, 1976. – №5), «Ситораи паррон» (Адабиёт ва санъат, 1988.
– 18 феврал), «Лашкари тоҷик, бикшо бозуи мардонаро»
(Минбари халқ, 2005. – 7 май), «Чашми бедори Ватан»
(Минбари халқ, 2006. – 12 июл), «Фарзанди Кофарниҳон» (дар китоби «Шасти зафар». – Душанбе. – 2005) аз ҳамин қабил очерку қиссаҳои ҳуҷҷатии публитсист мебошанд. Қаҳрамонҳои очерк ба қиссаву нигоштаҳои публитсистии устод С. Айнӣ аз қабили “Исёни Муқаннаъ”, “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” умумияте доранд. Дар зеҳн ва тафаккури онҳо танҳо ҳимояи манфиатҳои миллату давлат, қарор дорад. Эҳсоси ватандўстии “Темурмалик” ба он андоза қавӣ аст, ки ба руҳияи хонанда низ таъсир мерасонад. “Дар миёнбанди Темурмалик халтачае ёфтанд, ки дар вай як каф хок ва як парча қоғази хатнок буд. Хатро хонда диданд, дар он ҷо чунин навишта шуда буд: “Эй он ки мурдаи ман ба дастат меафтад, агар некхоҳи одамон ва ватандўст бошӣ, маро бо ин як каф хок гўрон, ки ин ёдгории ватани азизи ман аст!”. Б. Муртазо бошад дар очерки “Аз Кофарниҳон то Одер” қаҳрамониҳои Девонақул Ҷўраевро мавриди тасвир қарор медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё