Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

БОЗТОБИ РӮЙДОДҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР ОСОРИ
ПУБЛИТСИСТИИ БАХТИЁР МУРТАЗО
Солҳои охир омӯзишу таҳқиқи маҳорати тасвири воқеияти иҷтимоӣ таваҷҷуҳи муҳаққиқони бахшҳои эҷод, аз ҷумла адабиёту публитсистикаро ба худ ҷалб намуда, дар ин замина як қатор асарҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимӣ ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дорои арзиши баланд мебошанд. Ба чунин асарҳо метавон таълифоти муҳаққиқон А. Саъдуллоев ва П.
Гулмуродзода «Ҳамосаи инсони кор» (1995), И. Усмонов «Назарияи публитсистика» (1999), «Одоби сухан» (2005), А.
Саъдуллоев «Хосияти адабиёт» (2000), «Эссе. Размышления о некоторых аспектах жанра и его эволюции» (2010), Б.
Камолиддинов «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд» (2001), Ш.
Раҳмонов «Таҳқиқ ва нақд» (2005), Т. Зеҳнӣ «Санъати сухан»
(нашри чорум, 2007), М. Муродов «Аз замон то замон» (2010), «Асосҳои эҷоди журналистӣ» (2014), «Ҳаҷви публитсистӣ»
(2015), Ҷ. Раҳмонова «Воқеият ва публитсистикаи Мутеулло Наҷмиддинов» (2010), С. Гулов «Махсусияти очерки муосири тоҷик» (2012), Б. Қутбиддин «Воқеияти тасвир» (2014), «Домани наср» (2011), «Роҳ ба сӯи эҷод» (2015), Н. Кӯчарова «Публитсистикаи Абдулҳамид Самад» (2016)-ро дохил кард. Дар рисолаву китобҳои мазкур дар баробари дигар хусусиятҳои эҷод, таъсирпазирӣ ба афкори омма, ҳамчунин ба тасвири маҳорати иҷтимоӣ андешаҳои мушаххаси илмӣ баён гаштаанд.
Истифодаи воқеияти иҷтимоӣ дар асарҳои публитсистиву бадеӣ ба маҳорату ҷаҳонбинии адиб ва публитсист вобаста аст.
Маълум аст, ки ҳақиқати воқеӣ аз ҳақиқати бадеӣ тафовут дорад, аммо миёни онҳо иртиботи амиқе вуҷуд дорад. Чунончи муҳаққиқ Р. Мусулмониён қайд мекунад: «Ҳақиқати воқеӣ – он ҳодисаю ҳолат, ашёву махлуқот ва амсоли инҳост, ки воқеан ҳам мавҷуд будаанд, ё мавҷуданд ва ё мавҷуд хоҳанд буд. Ҳақиқати бадеӣ – он мундариҷаи ғоявиест, ки тавассути образ дар асар ифода меёбад». Воқеияти иҷтимоӣ натанҳо дар асарҳои публитсистӣ, балки дар асарҳои бадеӣ низ бо мақсади кушодани паҳлуҳои ҳодисаву равандҳо истифода бурда мешаванд.

пешина
аз 194
навбатӣ