Нигоҳи чашму дил

муассис ва сармуҳаррири нахустини «Садои мардум», фарзанди покҷавҳар ва садоқатманди халқу Ватан Муродуллоҳ Шерализода ҳангоми анҷоми вазифаи хидматии худ дар ҳавлии Шурои Олӣ ҷонашро фидо кард. Ин воқепи мудҳиш панҷуми майи соли ҳазору нуҳсаду наваду ду ба вуқуъ омада буд. Ҳамин санаро оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистони азиз ҳисобидаанд».
Дар қиссаи мазкур публитсист дар баробари чандин ҳодисаву зуҳуроти манфии замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, инчунин раванди музокироти сулҳу ваҳдати сартосарӣ, талошҳои хастагинопазири фарзандони сарсупурдаи миллати тоҷик, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо далелҳои муътамад баён намудааст. «Бо ҳидоятҳои хирадмандона ва дурандешии Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ниҳоят душвори ваҳдату ҳамдилӣ, бародарию ҳамбастагӣ қадам ба қадам паймуда шуд. Хусусан, аз тарафи Шурои Олии ҷумҳурӣ
26 ноябри соли 1992 Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Тоҷикистон эълон гардид, ки ин воқеаи хеле хурсандибахши ҳаёти сиёсию ҷамъиятии кишвар мебошад».
Қиссаи ҳуҷҷатии «Вопасин умеди растагорӣ» фарогири рӯйдодҳои муҳимми миллати тоҷик буда, дар тасвири онҳо публитсисти воқеънигор Б. Муртазо маҳорати баланди эҷодӣ нишон додааст. Дар очерки «Рисолати беназири таърихӣ»
корнамоиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барқарор намудани сулҳу суботи сартосарӣ, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маҳорати баланди эҷодӣ таҷассум ёфтааст. Публитсист асосан дар ин қиссаи ҳуҷҷатӣ хонандаро бо аҳаммияти бунёди нақби Анзоб, ки аз муҳимтарин иншооти замони соҳибистиқлолӣ мебошад, шинос мекунад. Б. Муртазо барои таъсирнокии сухан ва кушодани моҳияти масъала дар баробари омӯзишу мушоҳида аз асноди воқеӣ дуруст ва бамаврид истифода намудааст, ки ин восита аз омилҳои ҷолибсозии мавод мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё