Нигоҳи чашму дил

Дар ин ҳангом падараш дар хона дастосро метофт.
Одамони омада падари ўро аз хона бароварданду дар рўи ҳавлӣ, дар пеши назараш паронданд». Баъди ин ҳодиса андешаву фикри Д. Ҷўраев ба куллӣ тағйир ёфт. Ҳамеша банди хаёлот, сабабу омилҳои ба қатл расидани падарро фикр мекард, аммо ҳеҷ ҷавоби муносиб ёфта наметавонист. Аз гуфтаи ҳамдеҳагон фаҳмид, ки падари ўро босмачиён куштаанд. Д. Ҷўраев дар солҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои ҳимояи сарзамини худ, ҳамватанону пайвандон бархоста, дар муборизаҳо ҳамеша диловарӣ нишон медод. Ў дар ҳайати полки тирандозии 633 ҳангоми ҳифзи шаҳри Одесса бори дигар шуҷоатмандии худро исбот кард. Дар баробари ин ҳама фидокориҳо, инчунин дар вазифаҳои ҷамъиятӣ, тарбияи худшиносиву худогоҳии ҷавонон саҳм мегузошт. Бо сарбозону афсарон дар хусуси сиёсати давр суҳбат намуда, беҳтарини онҳоро ба сафи комсомолӣ қабул карда, билети ҳизбиро бо тантана месупорид. Боре ҳангоми маҷлиси партиявӣ душманон ба онҳо ҳуҷум мекунанд ва Д.
Ҷўраев бо қобилити баланди касбӣ ин хатарро рафъ мекунаду барои мубориза ба душманон роҳ мекушояд. «… Ў бо машаққати зиёде ба пулемёти душман наздик шуда, ду дона гранатаи якҷобастаро ба сўи он ҳаво дод. Таркиш дами пулемёти фашистонро фурў баст. Аввалин шуда худи Ҷўраев аз ҷо ҷаст ва «ура!» - гўён пеш давид. Аскарони дигар ҳам туфангу гранатаҳоро ба даст гирифта, аз паи котиби худ шитофтанд».
Ин ва дигар корнамоиҳои Девонақул Ҷўраев дар қиссаҳои ҷангӣ дар шаклҳои гуногун инъикос ёфтаанд. Аз ҷумла муаллифони китоби «Шуҷоат баҳри Ватан» Давлат Халил ва Фозил Абдурашитов баъзе қайдҳои ҷолиб оид ба рўзгор ва далерии ин марди асили ватанпарвар доранд, ки шахсияти ўро бори дигар ба назари хонанда фарди таҳамтан ва ҳушёру зирак ба ҷилва меоварад, чунончи: «… Онҳо бо душман қаҳрамонона ҷангиданд. Он лаҳза Девонақул қумондони отделенияи тирандозӣ буд. Аввали моҳи октябри соли 1941, вақте ки душман ба хоки шаҳри Одесса наздик мешуд, муҳорибаи сифатан пуршиддату вазнин мерафт. Аввал қӯшунҳои Руминия ҳуҷум намуда, сонӣ онҳоро қӯшунҳои фашистӣ иваз намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё