Нигоҳи чашму дил

Усто Бекмурод боғпарвар низ ҳаст. Ҳар гаҳ ба боғ ояд, ӯро набераҳо ва кабки дӯстдоштааш ҳамраҳӣ мекунанд. Тирамоҳ шохаҳои хушки дарахтонро буридан, симтӯрҳои муҳофизатиро аз назар гузарондан ва кӯдаконро ба боғкорӣ шинос кардан фурсати хуб аст.
– Дар назди боғкор масъулияти вазнин қарор дорад. Агар мо қоидаҳои нигоҳубини боғдориро надонем ва сари маҳал коркарди онро ба ҷо наорем, мо манфиат ба даст оварда наметавонем. Инчунин дарахтон хушк мешаванд. Себи Саричашма бо вуҷуди хурд будан нисбат ба себҳои Шурообод тамъи ширин дорад. Зеро дар ин ҷо таъсири офтоб бештар аст.
Азбаски боду ҳавои Шурообод аз мо тафовут дорад, меваҳои мо назар ба он ҷо як сару гардан фарқ мекунанд. Ҳоло агар аз бозор ангур харидорӣ кунед, худ шоҳид мегардед, ки ангури мо бо тамъи ширинаш хеле фарқ мекунад.
Меҳнати заҳматталаб подоши нек ва хушоянд дорад.
Боғпарварӣ низ бо вуҷуди ранҷи зиёд доштан ба инсон манфиат ва ҳаловат меорад. Усто Бекмурод ҳам чанд соли умри худро сарфи ин пеша намуда, боғпарвари соҳибтаҷриба шудааст. Боғ дар домани талу теппаҳои кӯҳ ҷой гирифтааст. Акнун дар ин боғ себу нок, олуву бодом ва дигар дарахтони ба иқлим мувофиқ ба воя расидаву боровар шудаанд. – Минтақаи “Саричашма”-и мо барои парвариши бодом, нок ва гелос яке аз мавзеъҳои беҳтарин аст. Шукри Худованд, ба ҷуз боғпарварӣ боз ба чорводорӣ сару кор дорем, - гуфт зимни суҳбат усто Бекмурод.
Дар деҳотҷойҳо кору зиндагӣ бо усулҳои анъанавӣ ҷараён дорад. Ҳангоми боғпарварӣ ҳам ин таҷриба ба кор меравад. Як маънии зиндагии усто Бекмурод аз дилбастагӣ ба дарахтони боғ иборат аст. Зеро ў чанд соли умрашро сарфи боғпарварӣ намудаву имрўз худро дар миёни дарахтон муваффақу пирўз дармеёбад. Маънии «давлати пирӣ рондан»-ро ҳам ба хайр кардан бо дастони худ вобаста медонад.
– Падари ман касберо дорост, ки дар ҷамъият касби камёфт ва хеле мушкил ба ҳисоб меравад. Вақте ки ӯ ба зинтарошӣ машғул мешавад, набераҳоро назди худ ҷамъ намуда, ба қавле нозукиҳои онро ба онҳо меомӯзонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё