Нигоҳи чашму дил

Душманон, ки ба оташфишонии разведкачиён андармон буданд, баталиён фурсатро ғанимат дониста, ба ҳамла гузашт. Ҷўраев омадани ҳамяроқони худро дида натавонист: вай аз таркиши фаустпатрон захмӣ шуда, аз ҳуш рафта буд». Баъд аз ин ҳодиса Д. Ҷўраев дигар натавонист дар майдони муҳориба бар зидди душман биҷангад. Барои ин ҳама қаҳрамонӣ ўро бо чандин ордену мукофоти давлатӣ лоиқ донистанд. Ҳангоме ки афсарону сарбозони Иттиҳоди Шуравӣ ғалаба намуданд, дар баробари миллион нафар одамон шодиву нишоти Д. Ҷўраев ҳадду канор надошт. Солҳои дароз ў дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолият намуда, дар пешрафту шукуфоии Ватани худ ҳиссаи арзанда гузошт. Дар баробари қаҳрамонони воқеии очеркҳои публитсист Б. Муртазо Д. Ҷўраев ва Қ. Бўбиев зиёда аз 2700 нафар сокинони ноҳияи Қубодиён дар ин ҷанг иштирок намуда, чунин корнамоиҳо намудаанд: «… Дар майдони ҷанг қубодиёниҳо ҷонбозиҳо ва фидокориҳои беназир нишон медоданд. Дар ҷангҳои хунини назди Днепр собиқ механизатори ноҳия В.И. Бояркин қаҳрамонии бемисл нишон дода» ба душман зарбаҳои марговар задааст. Барои ин амалу фидокорияш бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ қадршиносӣ гардид. Ҷои шубҳа нест, ки маҳз дўстиву бародарии мардуми Иттиҳоди Шуравӣ дар таъмини ғалаба нақши асосиву ҳалкунанда гузошт ва он дар очеркҳои публитсист Б. Муртазо хеле шавқовару воқеӣ ифода ёфтаанд. Дар андешаву ҳастии афсарону сарбозон танҳо мубориза барои адолат ва пойдории сулҳу ваҳдат ҷойгир гашта буд ва он самараи нек ба бор овард, ки ин ҷанбаи масъаларо низ адиб моҳирона инъикос кардааст. Ба андешаи таҳқиқгари осори адиб профессор Мурод Муродӣ «Як хусусияти барҷастаи очеркҳои Б. Муртазоев боз дар он аст, ки ҳамагӣ ба проблемаҳои иҷтимоӣ мубталоянд. Масъалагузории иҷтимоӣ водор намуда, ки қаҳрамону персонажҳо фаъол бошанд, дар хусуси мушкилоти бамиёномада мулоҳизаву андеша ронанд ва ба ин васила дар ҳалли онҳо саҳм гузоранд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё