Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

“Охир, “То насӯзӣ – насозӣ”- гуфтаанд. Ва барои тақвияти фикри худ хондам:
То насӯзӣ, сохтан мушкил бувад, Дил ба ҷонон бохтан мушкил бувад.
– Шояд...
– Шояд не, аниқ!
– Шумо хубтар медонед... Ва зуд бо лабханде афзуд... – Охир, мӯятонро дар осиёб сафед накардаед.
Ман шӯхии ӯро пазируфта бо шеър ҷавоб додам:
Мӯи сафедро фалакам ройгон надод, Ин риштаро бо нақди ҷавонӣ харидаам”.
Забони баёну тасвир дар “Достони Роғун”-и Шералӣ Мӯсо бисёр сода буда, зуд ба қалбҳо менишинад, ки ин аз маҳорати баланди нигорандагии ин публитсист ва адиби соҳибистеъдод дарак медиҳад. Насри мустанад “... роҳҳои беҳисоби ҷолибсозию мавзунгардонӣ дорад, вале беҳтарин роҳ ҳамон аст, ки нависанда таҷрибаи нигорандагӣ ва маҳорати эҷодӣ дошта бошад”. Ин таҷриба ва малакаи баланди касбиро адиб ва публитсист Шералӣ Мӯсо дорад ва дар навиштаҳояш ин чиз ба хубӣ эҳсос мешавад.
Қайд намудан зарур аст, ки тамоми қаҳрамонҳои асари ҳуҷҷатии “Достони Роғун”-и Шералӣ Мӯсо мардони меҳнатдӯст, созанда ва соҳибкасбанд, ки тақдир ва фаъолияти пурсамари онҳо ба ин иншоот иртиботи ногусастанӣ дорад. Публитсист дар офаридани симову характер ва тасвири дунёи рангину пурэҳсоси қаҳрамонҳо таҷрибаи хуби эҷодиву касбӣ дошта, аз василаву унсурҳои гуногун мақсаднок истифода бурдааст. “Вазифаи асосии публитсист ин тасвиру ташаккули нуқтаи назари афкори ҷамъият, бедор кардани ҳусни таваҷҷуҳи аудитория ба кору пайкор, ҷалбу ҷазби онҳо ба вазифа ва ҳаллу фасли проблемаҳои ҳозиразамон аст. Бинобар ин ҳадафи публитсист ба усулҳои дарёфти ахбори аз таҷриба рӯида (суҳбат, пурсиш, мусоҳиба, мушоҳида, тафсили аснод) ва аз ҳама муҳимаш ба даст овардани хулосаҳои муттаҳидкунонии тафсиру таҳлилу тавзеҳи методҳои иҷтимоӣ ва маърифати тасвирҳои илмӣ-бадеӣ мебошад”.

пешина
аз 194
навбатӣ