Нигоҳи чашму дил

Ҳар кадоме нисбати ин мулки аҷдодӣ меҳру дилбастагии зиёд доранд ва мехоҳанд, ки тамоми ҳастии худро барои ободиву пешрафти ҷомеа сарф намоянд. Ба ин ҷиҳат адиб таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, олами ботинии онҳоро ба қалам додааст: “... Бунёдкорони Роғун хеле кордон ва далеру шуҷоъ ҳастанд. Ин сохтмон то ҳадде табиати сохтмончиёнро тағйир дода, назарашонро ба зиндагӣ дигар кардааст. Чеҳраашон пурфайз менамояд, ҳаргиз лаб ба шикоят намекушоянд. Танҳо аз фазилатҳои Роғун ҳарф мезананд. Дар бораи худашон пурсӣ, хомӯш мемонанд. Тамошои кору бори онҳо мағзро пур, табъро шод ва руҳро болида гардонида, ба дилу дида қувва ва нуру сафо мебахшад”.
Барои идомаи сохтмони Неругоҳи бузурги обию барқии Роғун баъзе аз кишварҳо монеаҳои сунъӣ эҷод менамуданд. Дар достони ҳаштуми китоб, ки “Шуълаи барқи ҳақиқат” унвон дорад, ин масъала мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. “Инак, Бонки ҷаҳонӣ 1-уми сентябри соли 2014 хулосаи ниҳоияшро нашр кард: Роғун комилан бехатар аст! Ва ин лоиҳаро камхарҷтарин роҳи таъмини Тоҷикистон бо неруи барқ арзёбӣ кард. – Иҷозат медиҳед шуморо табрик кунам?
Сармад нигоҳи пур аз ифтихор ва сипос ба Парчами партавфишони Тоҷикистон дӯхту сипас лабханде зад гарм ва самимӣ: – Чаро не! – гуфт. Барқи ҳақиқат шуъла зад. Дилашон аз фараҳу шодии беинтиҳо гум мезад. Дар чашмонашон чӣ қадар меҳру муҳаббат нисбат ба Роғун ҷой дошт. Сӯхтан ба сохтан бипайваст!”.
Мутолиаи амиқи “Достони Роғун”-и адиби соҳибистеъдод ва публитсисти воқеъгаро Шералӣ Мӯсо пеш аз ҳама моро бо корномаи меҳнатии сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии Роғун шинос намуда, ба таҳкиму вусъати эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ, саҳим будан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва доштани садоқат ба Ватани худ ҳидоят менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё