Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Адиби боистеъдод Муҳаммад Ғоиб дар маҷмуаи худ «Достони Пешво» корнамоиҳои ибратомӯз ва хислати инсондӯстии Пешвои миллатамонро хеле воқеъбинонаву таъсирнок ба қалам додааст. Мардуми хурду бузурги кишварамон ба Сарвари давлат муҳаббату эҳтироми баланд доранд, ки ин аз инсондӯстиву хирадмандии Ӯ дарак медиҳад.
Ҳамин ҷиҳатро адиб Муҳаммад Ғоиб мушоҳида намуда, дар шеъраш чунин ба қалам додааст:
Беғубории дилатро карда ҳис оинаҳо.
Ҷо туро доданд дар кохи бузурги синаҳо.
Ҳар куҷо, ки лашкари меҳри туро медидаанд, Мекашиданд оҳи ҳасрат даста-даста кинаҳо.
Дар давоми 33 соли Истиқлоли давлатӣ дар кишварамон садҳо иншооти хурду бузург бо роҳнамоиву дастгириҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шуданд, ки ба беҳтар гаштани симои кишвар ва сатҳи некуаҳволии зиндагии мардум мусоидат намуданд. Раванди чунин корҳои созандагиву бунёдкориро адибон, бахусус Муҳаммад Ғоиб низ баён намудааст. Яке аз иншооти азими аср, ки Симои миллат дар он таҷассум меёбад, бунёди Неругоҳи обию барқии Роғун мебошад.
Сарвари давлат бо азму иродаи қавӣ дар мараҳалаи басо мураккаби сиёсиву иқтисодӣ ба сохтмони он шуруъ намуданд.
Хушбахтона, мо шоҳиди ба истифода додани ду агрегати он гаштем. Ин ҳамаро адиби ваҳдатсаро Муҳаммад Ғоиб дар “Шеъри Роғун”, ки ҳаммозӣ ба Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, басо ҷолибу муассир ифода намудааст:
Хуфтаро бедор кардӣ бо сухан, Шуд ҳамовозат ҳама халқи Ватан.

пешина
аз 194
навбатӣ