Нигоҳи чашму дил

Мутоилаи амиқи манзумаи “Достони Пешво”-и Муҳаммад Ғоиб ба руҳияи хонанда бетаъсир набуда, моро ба дунёи зебоӣ мебарад. Ба таъкиди адиб ҳар фарде, ки дар суҳбати Пешвои миллат менишинаду баромадҳояшро бо диққат гӯш мекунад, дармеёбад, ки ӯ дарвоқеъ фарди ватандӯсту хештаншинос аст.
Дар шеъри “Ибратомўз” ин ҳамаро шоир таъсирбахш ба қалам додааст.
Чи хушбахт аст инсоне, ки бо ту ҳамсафар гардад, Зи роҳи ҳастию маънии умраш бохабар гардад.
Зи хотиррафтаро бар хотир орад, ў дигар гардад, Зи ту ибрат бигирад, хуб бошад, хубтар гардад.
Ба таъкиди Муҳаммад Ғоиб ватандор он нафарест, ки барои ободиву пешрафти он ҷаҳду талошҳои хастагинопазир намуда, ба ин васила қарзи фарзандии худро дар назди халқу миллат иҷро мекунад. Дар манзумаи “Достони Пешво” адиб Муҳаммад Ғоиб шеъреро таҳти унвони “Азми Пешво” овардааст, ки кушишҳои бунёдкоронаи Сарвари давлатамонро таҷассум мекунад.
Чароғи равшани ҳар анҷуман ҳастед, Фурӯғи субҳи пурнури Ватан ҳастед.
Макони рӯшноӣ мешавад меҳан,
Ба нури ақли худ зулматшикан ҳастед.
Забон номи Шуморо ҳар замон гирад, Ба ҳар гуфтори мардум сарсухан ҳастед.
Агар сарсабзии мулк аз Шумо дорад, Ба лавҳи сабзи ҳар боғу чаман ҳастед.
Сухан гӯед аз обу зи ободӣ,
Ба ҷойи сад ҳазорон Кӯҳкан ҳастед.
Ба дарди ноумедӣ ҳам даъво ёбед, Табиби беназири ҷону тан ҳастед.
Шумо меъмору Сомонии давронед, Шумо навсози даргоҳи куҳан ҳастед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё