Нигоҳи чашму дил

Ҳамин аст, ки ҳар навиштаи ӯ ба тафаккуру эҳсоси хонандагон таъсиргузор аст.
Қайд намудан зарур аст, ки устод Озар натанҳо дар навиштани шеър, балки дар ҷодаи таҳқиқу арзёбии масъалаҳои гуногуни филологӣ низ дасти тавоно доранд. Ин вижагиҳои фаъолияти эҷодиву илмии ӯ дар навиштаҳояш падидор мешаванд. Шеърҳояшро шоирона ва бикру донишмандона ба қалам додааст. Албатта, мафҳуми шеър ва замони пайдоиши шеър хеле қадима аст. Аз давраҳои хеле қадим файласуфону донишмандони ҷаҳонӣ, аз ҷумла Афлотуну Арасту, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ ва садҳо нафар бузургмардони сухан шеърро аз диди худ шарҳу тафсир кардаанд. Аслан, агар ба маънии луғавии мафҳуми “шеър” назар афканем, дармеёбем, ки он ҳамреша бо вожаи “шуур” ва ифодагари илму дониш аст.
Яъне, агар шоир дониши комил надошта бошад, бидуни шубҳа, шеъраш қобили қабули хонанда намегардад.
Устод Озар аз зумраи шоироне мебошад, ки ашъори пурғановати ӯро натанҳо хонандагони тоҷик, балки хонандагони берун аз марзи кишвар мутолиаву таҳлил намуда, ба он баҳои баланд додаанд. Дар пешгуфтори маҷмуаи ашъори устод Озар, ки таҳти унвони «Ирфони ҳино» рӯйи нашр омадааст, Шоири маъруфи тоҷик Гулрухсор Сафиева, ки умри худро ба шеъру адабиёт бахшидааст, аз мутолиаи осори ӯ чунин бардошт карда, навиштааст: «Шоири баркамоле, ки дафтари нисбатан комили шеърашро барои хонандаи заршинос пешкаш кардааст, табиати поку поксози оташро медонад. Мизоҷи пурзиёи ҳарфу ҳиҷо, табиати оташину қақнусофари шеърро низ таҳдон аст. Шоире, ки тахаллуси Озарро огоҳона интихоб кардааст, беш аз дигарон ба сӯхтану худафрӯхтан ниёз дорад:
Кӣ буд Озар бидуни ту?
Яке хокистари андӯҳ!
Зулоли нағмаи қақнус бар хокистар овардӣ.
Аз хок сӯйи афлок рӯй оварданаш бениёз нест:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё