Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Деҳаи худро ба сад шаҳр иваз намекунад. Дар миёни ин ҳама шуғлу касбу кор бемор хоҳад шуд, агар зинтарошӣ накунад.
Меҳнати ҳалол доруи таскинбахш аст, ки ба ҷисму руҳи ӯ осудагӣ меорад. Ӯ таърихро пос медорад. Як нишон аз тамаддуни миллати тоҷикро ҳифз мекунад. Тарзи зиндагии ӯ шоистаи омӯзиш ва пайравӣ аст.
ТАРАННУМГАРИ ИШҚУ ЗЕБОӢ
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ рўй бар ин ганҷ неҳ.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишварамон даҳҳо чорабиниҳои бонуфузи фарҳангӣ бо иштироки донишмандону ҳунармандони сатҳи ҷумҳуриявию минтақавӣ ва байналмилалӣ гузаронида шуд, ки ин ҳама ба рушди фарҳанги миллӣ мусоидат намуд. Дар ин баробар ҳунармандону санъаткорони мо низ дар хориҷа низ санъату фарҳангамонро муаррифӣ намуданд, ки он боиси хурсандӣ ва ифтихор мебошад. Дар кишварамон ҳунармандоне низ ҳастанд, ки саҳмашон дар рушди фарҳанги миллӣ назаррас мебошад. Аҳмад Зоҳири зинданом сурудае дорад, ки онро ҳамчун дуои хайр барои ҳамагон қабул кардан мумкин аст:
Худо бувад ёрет, Қуръон нигаҳдорет, Сахӣ мададгорет, сахӣ мададгорет.
Маҳз ҳамин ва дигар суруду оҳангҳои пуртуғёни устоди зиндаёд, сарояндаи маҳбубу писандидаи Машриқзамин Аҳмад Зоҳир буд, ки Мурод Одинаро ба гулбоғи кўчаҳои муаттари санъату фарҳанги асили мардуми тоҷику форс роҳнамоӣ кард.
То ба имрўз беш аз 40 сол мешавад, ки ин ҳунарманди хушсалиқаи тоҷик таҳти таъсири ҷозибадори навои дилошуби ин сарояндаи мумтоз Аҳмад Зоҳир ба эҷоди суруду таронаҳо машғул аст. Мурод Одинаро дар ҳудуди вилояти Хатлон, ҷумҳурӣ ва ҳатто берун аз он маҳз аз рўйи сароидани суруду оҳангҳое, ки саршори ишқу муҳаббати поканду ба рўҳу равони шунаванда таъсиргузор мебошанд, мешиносанду эҳтиром менамоянд.
Мурод Одина якуми январи соли 1968 дар собиқ деҳаи “Коммунизм”-и райони Кўйбишев, ҳозира деҳаи “Ваҳдат”-и ҷамоати деҳоти 50-солагии ноҳияи А. Ҷомӣ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Ў муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №31 зодгоҳашро бо баҳои хубу аъло хатм мекунад. Ба қавли худи ҳунарманд, замони таҳсил дар муассиса дар чорабиниҳои фарҳангӣ-адабӣ пайваста ширкат меварзид, ки ин гуна ҳунарнамоиҳо дар ташаккули маҳорату малакаи ҳунариаш мусоидат намудаанд.

пешина
аз 194
навбатӣ