Нигоҳи чашму дил

ВИЖАГИҲОИ МАВЗУӢ ВА ЖАНРИИ ҲАҶВИЁТИ
ҒАФФОРАЛӢ САФАР
Истилоҳи «ҳаҷв» арабӣ буда, маънои мазаммат, масхара, ҳиҷо, тасвири муболиғаомез, писханд, тамасхур ва амсоли инҳоро ифода менамояд. Синоними ин истилоҳ бо забони аврупоӣ ифодаҳои «сатира» ва «юмор» мебошанд. Дар «Энсиклопедияи советии тоҷик» ҳаҷв «шакли хоси тасвири бадеии воқеият, ки дар он ҳодисаҳои нохуши зиндагӣ мавриди масхараву мазаммат қарор мегиранд» зикр шудааст. Адибону публитсистони классику муосири тоҷику форс бо мақсади инъикоси вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии давру замони худ ва рафтору гуфтори ашхоси алоҳида аз унсуру шеваҳои ҳаҷвсоз, ба монанди ҳаҷву мутоибот, истеҳзо, ҳазлу ханда, писханду ришханд ва амсоли ин истифода намуда, ба дарки маънӣ ва рушди тафаккури инсонҳо мусоидат кардаанд. Профессор Мурод Муродӣ қайд намудаанд, ки: «Ҳаҷв аз навъҳои маъмултарини адабиёт ва публитсистика маҳсуб ёфта, пайдоиш ва ташаккули он ба инкишофи фарҳангу адабиёт алоқаманд аст.
Сарчашмаҳои қадимаи суғдӣ, адабиёти паҳлавӣ ва дигар манобеъ гувоҳӣ медиҳанд, ки унсурҳои ҳаҷву танзи халқӣ дар адабиёти шифоҳӣ ҳанӯз дар асрҳои II – III вуҷуд доштааст.
Ҳамаи ин, аз як тараф, ба хислати табиии ҳаёти инсонӣ алоқаманд будани ҳаҷву зарофатро фаҳмонад, аз сӯйи дигар, ҷузъи адабиёт, публитсистика ва матбуоти даврӣ будани онро асоснок мегардонад».
Ҳанӯз дар асри Х Абулқосим Фирдавсӣ ҳаҷвиёте зери унвони «Гуфтор дар ҳаҷви Султон Маҳмуд»-ро эҷод намуд, ки намунаи барҷастаи чунин шакли асар мебошад. Баъдтар ин суннат ва анъанаро адиби барҷастаи тоҷику форс Убайди Зоконӣ таҳкиму рушд бахшид. Мавсуф низ як силсила асарҳои ҳаҷвӣ, аз қабили «Ахлоқ-ул-ашроф», «Таърифот» (ва ё «Даҳфасл»), «Садпанд», «Рисолаи дилкушо», «Муш ва гурба» ва «Ришнома»-ро эҷод намудааст, ки дар онҳо ҳаҷв мавқеи меҳварӣ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё