Нигоҳи чашму дил

Яке аз чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ, ки рӯзҳои 11 ва 12 октябри соли 2022 бо ибтикори донишманди фарҳехтаи тоҷик, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ва профессор устод Масъуд Миршоҳӣ, раиси Анҷумани Рӯдакӣ – Фаронса, Конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ, зери унвони “Ҷуғрофияи таърихӣ ва фарҳангии “Шоҳнома” мебошад, ки устод Зафар Мирзоён низ чун дигар донишмандон дар он бо маърузаи илмӣ баромад карданд. Устод ҳамчун муҳаққиқи “Шоҳнома” натанҳо дар муҳити илмию адабӣ ва эҷодии Тоҷикистон, балки Афғонистону Эрон, Туркия, Ӯзбекистон ва дигар минтақаҳо мешиносанд. Устод дар мақолае бо номи “Марзҳои Эрон ва Турон дар “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ” андешаҳои ҷолиби илмӣ баён намудааст.
Устод Зафар Мирзоён дар ин мақола ҳудудҳои сарзамини Турону Эронро, ки бевосита дар “Шоҳнома” бо ҷузъиёту далелҳои радношаванда зикрёфтаанд маълум намуда, дар баробари ин моро бо расму оин, анъанаву суннатҳои қадима, номҳои ҷуғрофӣ, боварҳои динии эрониён ва турониён ва дигар шинос мекунад. Чунончӣ: “Турон сарзамини эронитаборони кӯчии саҳронавард буда, турониён бинобар напазируфтани шеваи зиндагии деҳнишиниву шаҳрнишинӣ, барои чираманд гаштан ба алафчарҳои обшори Эрон, бо юришу тохтутозҳои худ ҳамвора ободиҳоро вайрон мекарданду деҳнишинонро ба бардагӣ мебурданд. Бад – ин тартиб:
– Рӯди Омӯ марзҳои Эрон ва Туронро муайян мекардааст.
– Сарзамини Вароруд (Осиёи Миёна, арабиаш Мовароуннаҳр) дар замони дур, Турон ном дошта, дар баробари суғдиҳо, бештар ҷойгоҳи сакоиҳо будааст”.
“Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсиро аксари муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла устод Зафар Мирзоён чун китоби энсиклопедӣ мешиносад. Зеро дар ин китоб дар хусуси тамоми бахшу соҳаҳо маълумоти боъэтимод оварда шудааст. Номбурда низ чун дигар хонандагони “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ аз он бардошти зиёди маънавӣ намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё