Нигоҳи чашму дил

Маҳз устод бо сухану амали созандааш ҳамеша дар ташаккули ҳисси худшиносиву худогоҳии наврасону ҷавонон, хусусан донишҷўён намунаи ибрат буда, онҳоро ба сўи донишомўзиву хушахлоқӣ ҳидоят месозад. Ҳангоми фаъолияти корӣ ва машғулиятҳо бо донишҷўён хушмуомила буда, ба омўхтани илму дониш ва касбу ҳунар талқин менамояд. Яке аз донишҷӯёни хатмкардаи ихтисоси рўзноманигорӣ Дӯстмурод Олимов гуфт, ки «Устод Саидов ба мо аз фанни амалияи забони тоҷикӣ дарс гуфтааст. Дар аснои дарс ҳар донишҷўе, ки дарсро аз худ менамуд, дар чеҳрааш хушнудию хушҳолӣ ҳувайдо мешуд.
Дар ҳар лаҳза аз ашъори безаволи нобиғагон порчаҳои шеърӣ истифода мекард, ки ин усул ба донишҷўён бисёр писанд меояд».
Зикр бояд кард, ки хислату амалҳои хубу ҳамидаи инсонӣ ўро миёни ҳамкорону донишҷўён соҳибэҳтиром намудааст. Яке аз ҳамкоронаш Дилором Маҳкамзода дар бораи ў чунин андеша дорад: «Ҷаббор Саидов дар кадом соҳае кор накунад, бо ҳисси баланди масъулият вазифаашро иҷро менамояд. Ў шахси маъданӣ, хушсухан буда, ба қадри инсон мерасад. Ҳамчун омўзгор ва пажўҳишгар пайваста донишашро такмил медиҳад.
Дар тарбияи ҷавонон таҷрибаи бой дорад. Хислату рафтораш ба дигарон писанд буда, қобили таҳсину дастгирист».
Ҷаббор Саидов аз зумраи он нафаронест, ки нисбати ин меҳану миллати куҳанбунёд меҳру ихлоси беандоза дорад. Ӯ мегӯяд, ки «Хушбахтии мо - тоҷикон, пеш аз ҳама, дар муттаҳидиву дӯстӣ, бародариву баробарӣ ва пойдории сулҳу субот, эҳтиром ба забон ва фарҳангу таърихи хеш таҷассум меёбад. Имрӯз бо шарофати Истиқлол забони тоҷикӣ мақоми баландтареро соҳиб шудааст». Бояд қайд кард, ки саҳми мавсуф дар таҳкими забони тоҷикӣ хеле зиёд аст. Маҳз омӯзиши пайваста ба ӯ имкон додааст, ки нозукиҳои ин соҳаро ба дигарон фаҳмонад. Ҷаббор Саидовро барои хизматҳои арзандаю шоистааш дар таълиму тарбияи насли наврас ва рушду таҳкими забони тоҷикӣ соли 2000-ум бо унвони “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ намудаанд. Дар дигар ҷашну идҳои таърихӣ борҳо бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) низ мукофотонида шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё