Нигоҳи чашму дил

Ман дарк намудам, ки ӯ аз осори адибони классики тоҷику форс ва шоирони муосир шеърҳои зиёд медонад. Дар ҷараёни суҳбат ӯ изҳор дошт, ки ҳар гоҳе имкон меёбам, ҳатман китоберо ба даст гирифта мутолиа менамоям. Албатта, чунин мутолиаи пайваста ба донишу ҷаҳонбиниаш бетаъсир набуданд ва ӯ ҳамеша барои тақвияти фикри худ пораҳои шеърӣ ва ё насриро меовард, ки ба руҳияи ҳамсуҳбаташ таъсиргузор буд. Ба қавли дӯстону ҳамкорон ва бародаронаш Саидамир Розиқов шоирону ҳунармандон ва зиёиёнро хеле дӯст медошту ба онҳо эҳтиром мегузошт. Бо баъзе аз онҳо, аз ҷумла шоирони халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, Муҳаммад Ғоиб, Озар (Миралӣ Салимиён), Хайрандеш, Равшан Ҳамро, олимон Мӯсо Диноршоев, Ҷӯрабек Назриев, ҳунармандони соҳибистеъдод Саидқул Билолов, Муродбек Насриддин, Ҳасан Ҳайдар, Қобилҷон Зарипов, Чиллахон Холов, Сарабек Раҳмонов ва садҳо нафари дигар ҳамкориву робитаи дӯстӣ дошт.
Саидамир Розиқов 1-уми октябри соли 1957 дар собиқ участкаи Ленини колхози “Коммунизм”-и ноҳияи Коммунистӣ, ҳозира деҳаи “Истиқлол”-и ҷамоати деҳоти “Навбаҳор”-и ноҳияи Кӯшониён дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Айёми кӯдакиву наврасии ӯ дар зодгоҳаш гузашта, сипас баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳуҷҷатҳояшро ба факултети иқтисодӣ, ихтисоси банақшагирии хоҷагии халқи собиқ Университети ба номи Ленин, ҳозира Донишгоҳи милии Тоҷикистон супорида онро соли 1976 бо муваффақият хатм менамояд. Баъд аз хатми донишгоҳ, тибқи роҳхат ӯро ба хоҷагии чорводории ноҳияи Вахш ба кор фиристоданд. Дар ҷараёни фаъолияти корӣ, рӯзе сардори Раёсати корҳои дохилаи вилояти Қӯрғонтеппа Рубан тасодуфан бо ӯ вохӯрдаву дар масъалаҳои гуногун суҳбат менамояд. Дар ҷараёни суҳбат ӯ пайхас намуд, ки Саидамири ҷавон ниҳоят зираку шахси сиёсист ва аз нозукиҳои кори кормандони ҳифзи ҳуқуқ хуб бохабар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё