Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Маҳз андеша ва ҳувияти миллӣ мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷикро водор сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор карда, якпорчагии марзу буми кишварро ҳифз намояд ва миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, барои рушди давлати соҳибихтиёри худ шароити мусоид фароҳам оварад. Пешвои миллат ҷони худро дар хатар гузошта барои таъмини якпорчагии миллату давлат ва таъмини сулҳу оромӣ ҷонфидоиҳо намуданд. Имрўз, аз мактаби мардонигиву сиёсии ў ҷомеаи ҷаҳонӣ дарси сулҳу ваҳдат меомўзад. Ва ӯ пайваста зери лаб ин порчаи шеърро замзама мекунад.
Шодам, ки бар диёрам сулҳу саодат омад, Аз баҳри некрўзӣ ин ҷашни Ваҳдат омад.
Хурду бузург имрўз аз бахт месароем, Васфи Ватан намуда мардум зи ғурбат омад”.
Маҳз бо шарофати қабули Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояи дўстиву ваҳдатро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама дар Ватани азизамон Ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд. Агар 33 сол дар таърих давраи он қадар зиёд набошад ҳам, мо дар самтҳои гуногун тавонистем, ки ба натиҷаҳои баланд ноил гардем. Бояд ҳар кадоми мо аз фаъолияти пурсамари Пешвои миллат дарси ватандӯстиву хештаншиносӣ омӯзем. Ба андешаи Эшбурӣ Эсанқулов, бояд дар муассисаҳои то мактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ аз мактаби сарварии Пешвои миллат ба хонандагон таълим гуфта шавад, то онҳо ба қадри ин ҳама оромиву суботи сартосарӣ бирасанд.
Маҳз ваҳдат буд, ки мо дубора ба сўи таъриху фарҳанги пурғановати худ рўй овардем ва онро дубора бо андешаву афкори худ эҳё намудем. Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ чун офтобу моҳтоб шаби торику рўзи сарди халқи тоҷикро равшаниву гармӣ бахшида, барои парвози баланд ба сўи дастовардҳо роҳ кушод.

пешина
аз 194
навбатӣ