Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

“Ман ба халқи одӣ коре надорам, аммо даҳ-понздаҳ нафаре, ки дар аланга гирифтани ҷанг сабаб гаштаанд, ҳаққи ба Ватан баргаштан надоранд”. Ў тавре сухан меронд, ки гўё соҳибу ҳокими мутлақи ҳамин минтақа бошад. Чанд соате, ки бо ў будам, эҳсоси хатари маргро доштам, зеро яроқҳои оташфишонро чун бозичаи кўдакона дар даст бозӣ медаронд».
Борҳо аз ин журналисти собиқадор шунидаам, ки дар таҳияи барномаи «Хоки Ватан» ба мушкилиҳои зиёде рў ба рў гаштааст. Пойи пиёда ба деҳаҳои дурдасти шаҳру ноҳияҳо сафар намудаву аз рўзгори оилаҳои ҷангзада силсиламусоҳибаҳо омодаву тавассути гуфторҳои радиои Тоҷикистон пахш менамудааст. Аз бойгонии ў чанд фиттаеро дарёфт намудем, ки бозгўи вазъи мушкили рўзгори мардуми ҳамон шабу рўзанд. Ба хонандаи азиз фишурдаи чанде аз онҳоро пешниҳод менамоем:
«Ассалому аллейкум, кормандони радио. Ман аз ноҳияи Шаҳритуз Қурбонгул Ҷалолова мебошам. Дар ин ҷанги бародаркушӣ се фарзанди худ ва шавҳарамро гум кардам. Рўзи 13-уми ноябри соли 1992 шавҳару фарзандонамро силоҳбадастон аз хона ба ҷойи номаълум бурданд ва то ҳол аз онҳо дараке нест. Аллакай, фасли тобистон фаро расидааст ва чанд сол мешавад, ки аз шавҳару фарзандонам хабаре нест.
Фасли тобистон ба ман аз ҳама рўзҳои мушкилтарин мебошад.
Фарзанди миёнаам Зафарҷон 9-уми август зодрўз дорад. Ин рўзро бо ҳамроҳии аҳли оила ҷашн мегирифтем. Ман модари яккаву танҳо мебошам ва соҳиб надорам. Ман фарзанде надорам, ки гўшаи тобутамро бардорад. Имрўз шавҳар ва фарзандонам дар сари дастархон нестанд. Ман ҳеҷ кас надорам.
Ин шеърро ҳар рўз бо нолаи зор мехонам:
Дар раҳаки Шаҳритуз бачама куштанд, Сабзина бачаи аскарма куштанд.
Сабзина бачаи аскарим химчамиён, Хабарум кунед, ки кабки дарима куштанд».
«Ман Саломатхон Хоҷаева, сокини колхози «Ҳақиқат»-и ноҳияи Вахш. Ассалому алейкум, бародарам Ҳусейнҷон, бо аҳли оилаат Сабоҳат, духтарчаҳоят Шарофат, Мадина, Шафоат!

пешина
аз 194
навбатӣ