Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ЗАБОНИ МОДАРИРО ПОС ДОРЕМ!
«Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд», - гуфтааст зимни яке аз баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дарвоқеъ, миллату давлат ва забон бо ҳам сахт алоқаманд буда, устувориву мавҷудияти онҳо аз ҳамдигар сахт вобастагӣ дорад.
Забон муҳимтарин омили ҳастӣ, бақои миллат, шиносномаи ҳар халқ ва муҳимтарин муқаддасот маҳсуб меёбад. Ҳамин аст, ки ҷиҳати таҳкими забони тоҷикӣ давлат ва миллат пайваста тадбирҳои судмандро амалӣ менамояд. Забони тоҷикӣ дар масири таърих бо вуҷуди мушкиливу монеа ва таъсирпазириҳо асолати худро нигоҳ дошта, барои ҳимояи манфиатҳои миллату давлат хизматҳои бебаҳову мондагор намудааст. Забони тоҷикӣ чун рукни асосии миллату давлат эътироф шуда, дар шинохти асолати миллӣ, рушди худшиносиву худогоҳӣ, эҳсоси ватандўстӣ ва тарғиби илму дониш замина мегузорад.
Давлат ва Ҳукумати кишвар барои рушди ҳамаҷонибаи забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Аз ҷумла, таҳия ва истифода кардани номгўи тамоми ҳуҷҷатҳои расмӣ – коргузорӣ ва дигар шаклҳои фаъолияту муносибат бо забони тоҷикӣ қадру манзалати ин забонро дар қаламрави кишвар ва хориҷа боз ҳам боло мебарад. Бо забони тоҷикӣ сухан намудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бонуфузтарин минбар - Созмони милали муттаҳид оид ба масъалаҳои гуногуни кишвар, минтақа ва ҷаҳон аз мавқеи арзишманд доштани забони тоҷикӣ дарак медиҳад. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси забони муоширати байни миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ низ истифода мешавад. Забони тоҷикӣ дар ҷумҳурии мо василаи муоширату мубодилаи афкор миёни одамон, барқарору пайвандгари робитаҳои дўстиву бародарии халқҳо шинохта мешавад.

пешина
аз 194
навбатӣ