Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт

АЗ МУАЛЛИФОН

Аввалин китобе, ки барои студентони мактабҳои олӣ бо номи «Фольклори тоҷик» чоп шуда буд, ба қалами адабиётшиноси маъруфи тоҷик Носирҷон Маъсумӣ1 тааллуқ дошт. Китоби мазкур ба сифати курс-конспект ба студентони ғоибхон пешниҳод шуда буд ва он дар бораи хусусиятҳои як қатор жанрҳои фольклори тоҷик мухтасаран маълумот медод. Аз вақти чопи он китоб (1952) хеле солҳо гузашта бошад ҳам, то имрӯз ягон хел китоби дарсии дигар барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ ба вуҷуд наомадааст. Дар ин муддат фольклоршиносии тоҷик хеле пеш рафт, бисёр соҳаҳои эҷодиёти даҳанакии халқ ҳартарафа омӯхта шуд, даҳҳо маҷмӯаҳои фольклорӣ ва асарҳои тадқиқотӣ нашр гардиданд.

Муаллифон дар навиштани китоби «Эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик» аз тадқиқоти муҳими илмии фольклоршиносон фоида бурданд ва кӯшиш намуданд, ки дар ин китоб навтарин хулосаҳои илмӣ инъикос гардад. Зимнан дар таълифи як қатор бобҳо китобҳои дарсӣ ва таҷрибаи фольклоршиносии рус мавриди истифода қарор гирифт.

Китоби «Эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик» аз се қисм иборат буда, бо программаи таълимии нав комилан мувофиқат мекунад.

Дар қисми якум дар хусуси фольклористика, яъне масъалаҳои умумии фольклоршиносӣ маълумот дода мешавад. Дар ин қисм интихоб, такмил ва ҷобаҷогузории материалҳо бо саъйи муаллифон школ гирифтааст.

Қисми дуюм дар бораи жанрҳои асосии эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик баҳс менамояд. Азбаски то ҳол китоби хрестоматияи фольклори тоҷик ба табъ нарасидааст, дар баъзе фаслҳои ин қисм материалҳои фольклорӣ зиёдтар дохил шуданд.

Дар қисми сеюм масъалаҳое, ки ба фольклори замони советии тоҷик алоқаманданд, таҳлил ва муҳокима карда мешаванд. Маълум аст, ки ҳанӯз бисёр проблемаҳои фольклори замони советии тоҷик пурра омӯхта ва ҳал карда нашудаанд. Бинобар ин муаллифон лозим донистанд, ки доир ба эҷодиёти даҳоникии давраи советии тоҷик алҳол бо маълумоти мухтасари обзорӣ дар қисми сеюми китоб пешниҳодшуда маҳдуд гарданд.

Бояд қайд кард, ки муҳаррири китоб, фольклоршинос, номзади илмҳои филология Додоҷон Обидов дар давоми таҳрир ба чанд боб каму беш ислоҳ ва иловаҳо дохил намуд, ки муаллифон ба ӯ ташаккур изҳор мекунанд. Дар такмили баъзе бобҳо муаллифон инчунин аз муаллими калони Институти давлатии тарбияи ҷисмонии ба номи М. И. Калинин, номзади илмҳои филология Саъдӣ Маҳдиев, аз кормандони илмии шӯъбаи фольклори тоҷики Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон, номзадҳои илмҳои филология Баҳром Шермуҳаммадов, Фарруха Зеҳниева, Рӯзӣ Аҳмадов ва аз муаллимони УДТ, номзадҳои илмҳои филология Асадулло Сӯфиев, Абдуллоҷон Мавлонов ва Тӯйчӣ Миров маслиҳат ва фикрҳо гирифтанд ва аз онҳо миннатдоранд.

Ин китоб дар соҳаи ба миён овардани китоби дарсии фолклори тоҷик қадами аввалин аст. Бинобар ин аз нуқсонҳо ва норасоиҳо холӣ нахоҳад буд. Муаллифон умедворанд, ки хонандагони мӯҳтарам дар ин хусус фикру мулоҳизаҳои худро ба диққати онҳо расонида, ба беҳтар ва мукаммалтар шудани нашрҳои ояндаи он ёрӣ мерасонанд.

1 Н. Маъсумӣ. Фольклори тоҷик (курси конспективӣ барои ғоибхонҳои институти педагогӣ), Сталинобод, 1952 (минбаъд: Н. Маъсумӣ. Фольклори тоҷик).

аз 295
навбатӣ