Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Қисми якум
МАСЪАЛАҲОИ УМУМИИ ФОЛЬКЛОРШИНОСӢ
МУҚАДДИМА
Вазифаи курси назариявии эҷодиёти даҳонакии халқ. Вазифаи курси назариявии эҷодиёти даҳонакии халқ, пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки он доир ба таърих ва хусусиятҳои жанрҳои асосии фольклор, инчунин дар бораи муносибати адабиёти даҳанакӣ ва хаттӣ маълумот медиҳад. Дар баробари ин курси мазкур донишҷӯёни мактабҳои олиро бо таърих ва инкишофи илми фольклоршиносӣ шиносо менамояд.
Мафҳуми эҷодиёти даҳонакии халқ. Эҷодиёти бадеии даҳанакии халқро фольклор ҳам мегӯянд. Folklore калимаи англисӣ буда, маънои ҳикмати халқ, хиради халқро дорад. Истилоҳи «фольклор» дар миқёси байналхалқӣ васеъ истеъмол мешавад, ҳарчанд, ки маънидоди он дар ҳамаи мамлакатҳо як хел намебошад. Масалан, кишваршиносӣ ва этнографияро низ фольклор меноманд. Ин истилоҳро бори аввал таърихшиноси Англия В. Томс пешниҳод кардааст.
Фольклор мафҳуми васеъ дорад. Чунончи, мусиқӣ, рақс, рассомӣ, наққошӣ, кандакорӣ, зардӯзӣ ва ҳоказоро, ки аз ҷумлаи эҷодиёти халқ мебошанд, низ фольклор мегӯянд. Аммо бештар бо истилоҳи «фольклор» эҷодиёти бадеии даҳонакии халқ машҳур аст. Дар фольклоршиносии тоҷик истилоҳҳои адабиёти даҳанакии халқ, адабиёти лафзии халқ, эҷодиёти даҳонакии халқ ва ғайра низ дучор мешаванд.
Муносибати фольклоршиносӣ бо илмҳои дигар. Илмеро, ки эҷодиёти даҳонакии халқро меомӯзад ва тадқиқ мекунад, фольклоршиносӣ меноманд.
Фольклоршиносӣ як қисми адабиётшиносӣ буда, бо хусусияти худ ба этнография низ хеле наздик аст. Этнография илмест, ки дар бораи зисту зиндагонӣ, расму одат ва ахлоқу одоби халқ баҳс мекунад. Дар айни ҳол материалҳои фольклорӣ яке аз манбаъҳои омӯзиши этнографӣ мебошанд, зеро дар онҳо бисёр

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё