Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

ФарҳангАдабиётАфсона
Аз аввал хондан

ки рӯдаҳои мурғ саллаи қозӣ, чашмонаш айнак, тоҷаш шонаи ӯ мешуд1.

Ба ҳамин тариқ, сурудҳои ҳаҷвии халқӣ аз бисёр рубоӣ, дубайтӣ, байт ва сурудҳои ишқию маишӣ, пеш аз ҳама, аз он ҷиҳат фарқ мекунанд, ки дар онҳо муносибат ба ҳодисаҳои ногувор ва машаққатовари ҷамъиятӣ на бо оҳу афсӯс ва оҳанги шикоят, балки бо эътироз ва хашму ғазаб изҳор мегардад. Ин муносибат одатан тезу тунд, таънаомез ва пур аз кинаву мазаммат аст.
Гила, озору ранҷиш, озурдахотирӣ ва монанди инҳо барои сурудҳои ҳаҷвӣ аҳамияти дараҷаи аввал надорад. Масхара кардани ҳодисаҳои иллатноки зиндагӣ, нисбат ба ин ҳодисаҳо бедор намудани нафрату адоват, ҳимояи адолату ростӣ, покӣ, соҳибихтиёрию накӯкорӣ — чунин аст мақсаду мароми сурудҳои ҳаҷвии халқӣ.

Сурудҳои ҳаҷвӣ чун афсона, латифа ва драмаҳои халқӣ аз давраҳои қадим дар назми даҳонакии халқ мавқеи муайян ишғол карда омадаанд. Дар асоси материалҳои мавҷуда ҳаминро гуфтан лозим мешавад, ки сурудҳои ҳаҷвии халқӣ ҳамоно хусусияти асосии образҳои ҳаҷвии қадимиро нигоҳ дошта омадаанд.
Ин образ, чун образи истилогарони араб дар суруди мардуми Ҳирот, ҳам нафратовар, ҳам хандаовар ва ҳам таАССУФангез аст, ки дар бунёди он писханду кинаву таАССУФУ тамасхур ба ҳам омехтааст.

Як қатор сурудҳо намояндагони ситамгарон ва ҳомиёни онҳо — қозию мулло ва монанди инҳоро фош мекунанд. Дар маҷмӯаҳои фолклорӣ вариантҳои суруде дарҷ ёфтааст, ки кирдори бойи мумсикров, ки ҳатто аҳли оилаашро ба дод овардааст, акс менамояд. Тасвири ҳоли зани бой ва муносибати қаҳрамони лирикӣ ба ӯ писханду мазоҳи гузароеро дар замир дорад:

Чор пулаки қарз кардум,
Дар мазоро нарз кардум.
Ай Нурбой халос шавум,
Ҷуфтгирира бас кардум.

Сурудҳо махсусан серзаниро мазаммат кардаанд. Дар онҳо аҳволи мардони дузанаю сезана, ҳам бо истеҳзо ва ҳам бо таассуфи писхандомез тасвир меёбад. Нақароти яке аз сурудҳои машҳури Кӯлоб ин хусусиятро ба хубӣ зоҳир мекунад:

Дузана, дузана, оҳ уболи дузана!

Сурудҳои ғамангез. Як ҷузъи муҳими сурудҳои халқӣ, чун
қисми калони байту рубоӣ ва ашулаҳо, оҳу нола ва арзи ҳоли
ошиқони ноком, аҳволи ситамдидагон ва кулфатзадагонро тасвир менамояд. Дар назми халқ, сурудҳое, ки дар бораи ишқ,

1 Н. Ҳ. Пурҷанов. Развлечения и народный театр таджиков Каратегина и Дарваза. В. кн: «Искусство таджикского народа», Душанбе, 1965, стр. 135, Минбаъд: Н. Ҳ. Пурҷанов. Развлечения и народный театр таджиков Каратегина и Дарваза.

пешина
аз 295
навбатӣ