Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

шоири машҳур Саноӣ (асри XII) тааллуқ надорад, аз рӯи кор, эҷодкунандаи он Саноии дигар аст ва ё шоири номаълуме онро дар таклиди Саноӣ гуфтааст1.

Чанде аз вариантҳои машҳури ин суруд ба шакли ғазал буда, дар онҳо аз забони мушоҳиде дами вопасини як нафар ҷавони ғариби барҷомонда тасвир мешавад. Дар матлаъ ва поёни ғазал, машаққатенгез будани ғарибӣ барин як ҳодисаи хоси ҳаёти давраи феодалӣ таъкид меёбад.

Ғарибӣ кӯи сахт аст, эй бародар,
Ғарибонро накӯ дору маёзор!...
Аҷаб расмест расми одамизод,
Ғарибафтодаро кай мекунад ёд!
Ғарибафтода ҳукми мурда дорад,
Ки хоки мурдаро кай мебарад бод.

Дар суруд чӣ навъ ва дар чӣ шароит фавтидани ғариб ва оқибати дилрешкунандаи он амиқтар ва пурратар акс ёфтааст. Ҷавоне дар кунҷи хона бемору нотавон хобидаасту мурдани худро яқин медонад ва хешу табори интизорашро ба ёд оварда илтиҷокунон мегӯяд:

Бародар бишнавад, ғамнок гардад,
Бигиряд хоҳари мискини ман зор.

Манзараи марги ғариб равшан ва реалия тасвир шудааст:

Ҷавон мурдаст, рӯх аз вай паридаст,
Танаш пурхасрату рӯяш ба девор.
Ба зери паҳлуяш чизе надидам,
Ба тори сар ниҳода кафшу дастор.
Ба пешаш косаи бишкаста дидам,
Ду пора нони қоку нимаи нор.

Сурудҳо қисман сабабҳои гирифтори ғарибӣ шудани мардумро ба мо равшан мекунанд ва ҳодисаҳои дар натиҷаи зулму зӯрӣ аз ватан дур афтодан ва ба шиканҷаи ғурбат гирифтор шудани мазлумон дар сурудҳо нисбатан мукаммал инъикос ёфтаанд.

Ба бошишгоҳи сокинони Осиёи Миёна гаштаву баргашта ҳуҷум карда, молу мулки мардумро ғорат намудан ва зану фарзандонашро рабудани қабилаҳои гуногуни бодиянишин ва ҷангҳои байниҳудудии феодалӣ боиси хонавайронии оилаҳои зиёде мегардид, ки осори ин ҳодисаҳо дар сурудҳо равшан мушоҳида мешавад. Дар яке аз сурудҳои машҳур духтаре чӣ тавр асир шудан ва саргузашташро дар асорат нақл карда, ном ва ҷои худро хабар медиҳад:

1 А. Н. Болдырев. Чужбинная песнь. Тр. ТФАН СССР, т. 9, Сталинабад, 1940.

пешина
аз 295
навбатӣ