Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ғамангез ва бо дарду алами пур аз нафрату адоват нисбат ба золимони замони амирӣ гуфта шудаанд.

Дар сурудҳои мазкур баръакси сурудҳои оиди «Шӯриши Восеъ» ва «Шӯриши Қаландар» тасвири ҳаракати шӯриш ва воқеаҳои ҷудогонаи он, маълумот дар бораи иштирокчиён ва маҳалҳои фаро гирифтаи шӯриш ва баёни баъзе амалиёти персонажҳо мушоҳида намешаванд. Хусусан, суруди якум ба жанри марсия бештар монанд аст ва он ҳам аз ҷиҳати шаклу оҳанги тараннум ва ҳам аз ҷиҳати тасвир кардани хислату шахсияти марҳум сурудҳои мотамро ба хотир меорад:

Во дарего, ҳасрато, дар ин ҷаҳонд бемадор,
Ҷумла мардони ғаюр дар хок пинҳонанд қатор.
Мардумон, ҳар ҷо, ки бошед, бишнавед ин воқеа,
Аз барои мурдани Усмон бигирӯед зор-зор.
Он ҷавони марди майдон, шермарди нозанин
Гашт аз лашкар ҷудо, рафт-фаромад дар Мазор,
Дастираш карда буд чун аблаҳи Маҳмадназар,
Дасту пояшро субаст Икроми нархар миразор.
Ин ду беинсофу бетавфиқ бибурдандаш ба Ғарм,
Дохтанд ӯро таги зиндони ғамхона қарор.
Буд ҳамроҳаш дар он зиндон Муллотош-ғариб,
Хешу қавму ақрабоён гирӯя карданд зор-зор.

Дар ин марсия баъзе факту далелҳои таърихӣ, монанди: номи худи Усмон, баъди шикаст хӯрдан аз як қисми шӯришчиён ҷудо шуда, ба дараи Мазор (Хоит) рафтани Усмон, аз тарафи Муҳаммадназарбек «тӯқсабо» ва Мулло Икром дастгир шудани Усмон ва ба Ғарм бурда ба зиндон партофта шудани ӯ, дар зиндон бо яке аз роҳбарони шӯриш Мулло Тош якҷо будани Усмон ва ғайра қайд шудаанд, ки онҳо дорои унсурҳои суруди таърихӣ будани марсияи мазкурро собит менамоянд.

Суруди дигар, ки бо унвони «Усмонҷонуме» машҳур аст, низ марсия мебошад. Оҳанги тараннумӣ ва шакли суруд бештар лирикӣ буда, аз номи шахси наздиктарини Усмон (хоҳар ё бародараш) гуфта шудааст. Дар суруд инъикоси ғаму андӯҳ, дарду алами марги фоҷиавии Усмон мавқеи асосиро ишғол менамояд. Марсияи «Усмонҷонуме» низ дорои баъзе факту далелҳои дигари таърихӣ буда, монанди марсияи якум ба суруди таърихӣ наздик аст. Матни суруди мазкур ин тавр аст:

Ин кӯтали Файзобода сар кард, Усмонҷонуме,
додарҷонум-ой!
Дар вақти саҳар ҷанг андохтай, Усмонҷонуме,
додарҷонум-ой!
Ҷанге кардаю ғазо-ғазое кардане,
Усмонҷонуме,
Бо шашпар зада дилша адое кардане,
додарҷонум-ой!
Бо ханҷар зада макша хатое кардане,
додарҷонум-ой!
Бо шамъу чароғ лав-лави резаш кардане,
Усмонҷонуме,

пешина
аз 295
навбатӣ