Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
ихтилофҳои ногувори аз радду бадали фикр ҳосилшударо инъикос мекунад. ЯК намунаи ин қабил сурудҳо зикр мекунем, ки аз он зебоии ҳайратангези духтар ва аз ин ифтихору таманно доштани ошиқ хеле дилчасп манзур мегардад:
Гуфтам: — Эй нозукбадан,
Ман ҳавзи кавсар дидаам.
Гуфт: «Ҳар ҷо ҳавзи кавсар
Ҳарду чашмони ман аст».
Гуфтам: — Эй нозукбадан,
Ман моҳи тобон дидаам.
Гуфт: «Ҳар ҷо моҳи тобон,
Ҳарду рухсори ман аст».
Гуфтам: — Эй нозукбадан,
Ман ӯсмаи тар дидаам.
Гуфт: «Ҳар ҷо ӯсмаи тар
Ҳарду қошони ман аст».
Гуфтам: — Эй нозукбадан,
Ман дурру гавҳар дидаам.
Гуфт: «Ҳар ҷо дурру гавҳар
Лаб ва дандони ман аст...»
Ин қабил сурудҳо аз саволу ҷавоб ё мунозира таркибёфта дар эҷодиёти шоирони асри X низ мушоҳида мешаванд, ки Е. Э. Бертельс дар назми халқ реша доштани онҳоро тахмин кардааст.1
Қофия дар сурудҳо. Қофиябандӣ дар сурудҳо асосан аз рӯи хусусияти ин ва ё он намуди шеърӣ: ғазал, мухаммас, мураббаъ, маснавӣ ва монанди инҳо ба амал меояд, вале худи қофия, чун дар рубоӣ, байт ва ашула на ҳамеша аз рӯи қоидаҳои мустаъмали назми хаттӣ, яъне мутобиқати пурраи овозҳо ва ҳарфҳои охири калимаҳои ҳамқофия шакл мегирад. Аз ҳисоби ҳамоҳангӣ, шабоҳат ва чӯршавии овозҳои дохили мисраъ ҳосил шудани қофия ва ҳамаи навъҳои қофия, ки дар байту ашулаву рубоӣ мушоҳида кардем, дар сурудҳо низ ҷой дорад.
Ба ҳамин тариқ, муҳимтарин хусусиятҳое, ки дар мундариҷаи ғоявӣ ва услуби бадеии сурудҳо зоҳир мегарданд, сурудро аз рубоӣ, байт, ашула ва бадеҳа барин жанрҳои лирикии халқӣ фарқ мекунонанд.
Санъатҳои бадеӣ дар сурудҳо. Гуфтан лозим аст, ки суруд аз ҷиҳати истифодаи санъатҳои тасвир низ хусусиятҳои хос дорад. Аввалан, он рамзро намеписандад. Дар суруд ҳодисаҳо ва ҳасби ҳоли инсон бештар ба воситаи тавсиф, муболиға ва киноя тасвир мешавад, дар ифодаи шавку шодӣ ва ё ғаму ғусса роли муҳимро санъати такрор мебозад.
Дар сурудҳои ҳаҷвии халқӣ тазоду муболиға барин санъ-
1 Ниг.: Е. Э. Бертельс. Избр. произв. т. 1. История персидско-таджикской литературы. М., 1960, стр. 331.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё