Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Дар суруди машҳури «Уштур дар баландӣ», ки дар репертуари ҳофизони ширинкор мавқеи устувор дошта, яке аз беҳтарин намунаҳои сурудҳои ҳазломези халқист, чор чиз ҳазлро ба амал овардааст: Аввалан, тасвири сурати уштур аҷиб ва ғайриоддӣ аст: дандонҳояш — бучак, гарданаш (аз ҷиҳати дарозию баландии) дарахтвор, рӯдааш — саллабоб. Дуюм, ба туфайли такрори калимаҳои ҳамвазну ҳамқофия дар ҳар мисраъ оҳанги шӯх тавлид гардидааст. Сеюм, чида шуда омадани ин хел калимаҳо ва дар ҳар мисраъ, ба замми такроршавӣ, афзудани миқдори онҳо оҳанги фавқулоддаро ба вуҷуд овардааст. Чорум, ҳазл дар натиҷаи ба шакли ғайримуқаррарӣ дароварда шудани калимаҳо (чамандӣ, хоракандӣ, борабандӣ, пиш-пишандӣ ва ғайра) қувват мегирад.
Уштурбача монд дар баландӣ,
лабҳои уштур хоракандӣ,
лабҳои уштур хоракандӣе...
Хоракандӣ, борабандӣ, каллакандӣ,
лабҳои уштур хоракандӣ,
лабҳои уштур хоракандӣе...
Хоракандӣ, каллакандӣ, бора бандӣ,
Пиш-пишандӣ, дандони уштур,
Дандони уштур меҳчабандӣ...
Меҳчакорӣ, борабандӣ, каллакандӣ,
Биндеки уштур чӯбчакорие,
Биндеки уштур чӯбчакорие...
Чӯбчакорӣ, чорабандӣ, хоракандӣ, каллакандӣ,
чашмони уштур ойнакдорие,
чашмони уштур ойнакдорие...
Буччакорӣ, борабандӣ, каллакандӣ, почи уштур
сапалангие... сапалангӣ, борабандӣ,
хоракандӣ, каллакандӣ.
Худаки уштур дар баландӣе, худаки уштур дар
баландӣе...
Ба ҳамин тариқа, сурудҳо шаклан ва мазмунан ба он вазифае, ки дар назди омма адо мекунанд, мувофиқ шудаанд. Суруд барин жанре, ки бо назми китобӣ алоқаи васеъ дошта, таъсири ин назмро аз дигар жанрҳо дида зиёдтар қабул кардааст, дар замони мо, ҷои худро торафт бештар ба эҷодиёти аҳли қалам дода истодааст.
А Д А Б И Е Т
- Фольклори тоҷик. Ба чоп тайёркунандагон М. Турсунзода ва А. Н. Болдырев. Сталинобод, 1957.
- Фольклори сокинони саргаҳи Зарафшон. Тартибдиҳанда Р. Амонов. Сталинобод, 1960.
- Намунаҳои фольклори Дарвоз. Тартибдиҳанда А. З. Розенфельд. Душанбе, 1962.
- Намунаи фольклори дери Рӯдакӣ. Тартибдиҳандагон Раҷаб Амонов ва Муҳаммадҷон Шукуров. Душанбе, 1963.
- Эҷодиёти даҳанакии аҳолии Кӯлоб. Тартибдиҳанда Р. Амонов. Душанбе, 1963.
- Фольклори Норак. Ҷамъкунанда ва ба чоп тайёркунанда С. Маҳдиев. Душанбе, 1963.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё