Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АдабиётАфсонаФарҳанг
Аз аввал хондан

сабаби имконнопазир шудани иштироки онҳо ба бадеҳагӯӣ роли онҳоро мардон иҷро мекардагӣ шуданд. Ин аҳвол то Революцияи Октябр давом ёфт ва танҳо ба шарафи озод ва соҳибҳуқуқ шудани занон мавқеи онҳо дар бадеҳагӯӣ барқарор гардид ва вусъат ёфт. Дар кружкҳои ҳаваскорони санъат, театрҳои халқӣ ва профессионалӣ ин анъанаи қадимӣ зуд тараққӣ кард. Дар замони советӣ бисёр бадеҳаҳои нав ба амал омаданд, ки муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва хислати ҷавонони имрӯзаро акс менамоянд.

Н. Нурҷонов низ пайдоиши он сурудҳои рақсиро, ки аз тарафи марду зан иҷро мешаванд, ба давраҳои қадим нисбат додааст1. Ба замми ин, агар мо умуман қадимӣ будани сурудҳоеро, ки бо рақс иҷро мешаванд, ба назар гирем, аз ҳақиқат дур набудани ин фикр шубҳае ба миён намеорад.

Мазмуни ғоявӣ ва санъатҳои бадеии бадеҳаҳо. Бадеҳаҳо мазмунан гуногунанд. Н. Нурҷонов, пеш аз ҳама, мазмуни лирикӣ доштани онҳоро таъкид карда ва аз ин нуқтаи назар ӯ бадеҳаҳои «Секинак», «Дълкоко» ва «Дари дарвоза»-ро таҳлил намуда, хулоса мебарорад, ки дар онҳо ба воситаи саволу ҷавоби хазломез аҳволи иҷтимоии одамон ошкор мешавад.2

Ин ақида дуруст аст, вале бояд илова намуд, ки бадеҳаҳои пешазинқилобӣ воқеаҳои гуногуни ҳаёти шахсӣ ва ҷамъиятиро дахл кардаанд. Дар онҳо лаҳзаҳои шиносоӣ, баҳсу мунозира, бозию шӯхӣ, шикояту эътироз, қаҳру ғазаб ва муносибати ҷавонон бо ин ё он ҳодисаи ҷамъият тасвир мешавад.

Як бадеҳа гуфтугӯи пур аз хазлу шӯҳии байни духтару писарро ифода мекунад. Духтар мепурсад, ки оё ӯ бародаре дорад.

Писар: Додараки хуб дорам,
Сағераи нокорӣ,
Эй духтар, туро пурсам,
Ҳеҷ молу ҳол дорӣ?

Писар ба саволи духтар дар бораи молу ҳолаш мегӯяд, ки ба ҷуз «як буккаи кӯри искотию нокорӣ ва тагурӯе (кӯрнапае) аз паҳоли шолӣ» чизи дигар надорад. Дар ин хел бадеҳаҳо дар хусуси урфу одатҳои номусоиди оиди никоҳу оила сухан меравад ва бо тамасхуру истеҳзо қайд шудани урфу одатҳои кӯҳна, алалхусус талаби мол ба ивази духтар, мавриди ҳазлу ҳаҷв қарор мегирад.

Дар ноҳияҳои Кӯлоб бо номи «Бобопирак» бадеҳае машҳур аст. Н. Нурҷонов дар ин маҳал бо ҳамин ном машҳур будани саҳнаи рақсиро қайд намуда, тарзи иҷрои рақсро батафсил тасвир мекунад. «Бобопирак маҳз дар байни занҳо паҳн шуда буд,

1 Н. Н у р ҷ о н о в. Таджикский народный театр, М., 1956, стр. 87.
2 Ниг.: Н. Н у р ҷ о н о в. Таджикский народный театр. стр. 87-88.

пешина
аз 295
навбатӣ