Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

шавқ арз карда, ба ҳамин восита ба ӯ меҳру муҳаббат изҳор менамояд:

Духтар: Ма сарма ҷумбонъм,
Ҷавон: Ма тоқӣ бифармоям...
Духтар: Ма қошома парронъм,
Ҷавон: Ма сурма бифармоям.
Духтар: Ма китфома ларзонмъ,
Ҷавон: Ма камзул бифармоям.
Духтар: Ма почама ҷумбонъм,
Ҷавон: Ма кафша бифармоям.

Бадеҳа бо нақароти зерин, ки баъди ҳар байт такрор мешавад, оғоз меёбад:

Ту эсунаки бом ой,
Не усунаки бом ой.

Варианти ин бадеҳа бо номи «Фармоед» ба маҷмӯаи «Таронаҳои Самарқанд» дохил шудааст, ки дар ин вилоят онро бештар дар маъракаҳои занон месурудаанд. Азбаски варианти мазкур аз забони як кас гуфта шудааст, хусусияти бадеҳаро гум кардааст:

Сараката ҷуммонӣ,
Қалпоки тос фармоям.
Нақарот...
Қошаката ҷуммонӣ,
Усми сиё фармоям.
Нақарот...
Гӯшаката ҷуммонӣ,
Ҳалқи тилло фармоям.
Нақарот...

Бадеҳаи машҳури «Гулпарӣ» низ ҳамин хел ҳазли нарму форамро дар бар мекунад. Ошиқи бадрашк аз маъшуқаи худ бадгумон шуда, изтиробу ташвиш аз худ зоҳир менамояд. Маъшуқаи танноз бо суханони нарму гуворо ӯро ором карда, дар айни замон ба оташи дилаш якта-якта ҳезумпора партофта меистад ва аз мушоҳидаи рафтору гуфтори ошиқи беқарору худписандаш лаззат мебарад:

Ҷавон: Гулпарӣ, райҳонпарӣ, имшаб ба чорбоғат кӣ буд?
Духтар: Ҷон акаҷон, касе набуд, боғбонбача омада буд.
Боғбонбача омада буд, дастаи гул оварда буд.
Дуғонаҳо: Чиғи-чиғи, ҷанғаш макун, мӯякаша кайчӣ макун!

Хусусияти бадеҳаи «Гулпарӣ» дар мактуби як гурӯҳ нависандагони тоҷик: М. Турсунзода, А. Деҳотӣ, Б. Раҳимзода, Ғ.
Мирзо, ки бо сарлавҳаи «Саррофони гавҳаршинос» («Тоҷикистони Советӣ», 7 октябри 1959; «Маориф ва маданият», 10 октябри

пешина
аз 295
навбатӣ