Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
ё он давраи таърихӣ аз ҷиҳати мазмун алоқаманд будани ашӯлаҳоро муайян намудан душвор аст, таърихи пайдоиш ва инкишофи ин жанр, сайри таърихии ашӯлаҳои машҳур, сабабҳои таҳриф ва тағйирёбии онҳоро тадқиқ намудан душвор аст. Ашӯлаҳоро аз рӯи мундариҷаашон чун дигар намудҳои лирикаи халқӣ ба ду қисм ҷудо кардан лозим мешавад:
- Ашӯлаҳо, ки оид ба воқеаҳои ҳаёти пешазинқилобӣ гуфта шудаанд.
- Ашӯлаҳо, ки дар солҳои Ҳокимияти Советӣ эҷод шуда, хусусиятҳои ҳаёти имрӯзаро акс мекунанд.
Мундариҷаи ғоявии ашӯлаҳо. Қисми калони ашӯлаҳои тореволюсионӣ дар бораи ишқ ва муносибати духтарому ҷавонон гуфта шуда, фикру ҳисси ҷавонон ва муносибати онҳоро ба ҳодисаҳои гуногуни зиндагӣ, ба падару модар, хешу ақрабо, ёру дӯст, одамони баду нек, ба урфу одатҳои маъмул акс менамоянд.
Мавзӯи аксарияти ашӯлаҳо ишқ аст. Агар ин гурӯҳ ашӯлаҳо мувофиқи мазмун яке аз паси дигар оварда шаванд, дар онҳо чун дар байту рубоӣ ва ё частушкаҳои русӣ «таърихи ба худ хоси муҳаббати бузурги инсониро бо тамоми шодию ғамаш, аз мулоқотҳои нахустин, шиносоӣ, тавлиди ҳис сар карда, то ҷашни арӯсӣ ва ё фирок мушоҳида кардан мумкин аст»1. Бисёр ашӯлаҳо шавку шодиро аз дидори ёр, аз хислатҳои дилчаспу суханони ширини ӯ, аз ҳусну ҷамолу лутфу меҳрубонии ӯ падид меоваранд, дар онҳо шавку орзӯи ҷавонон, майлу хоҳиш, ҳасби ҳол, азобу изтироби онҳо дар шароити ҳукмронии никоҳи маҷбурӣ ба таври васеъ тасвир ёфтааст. Мутеъ будани духтар ё писар ба ин шароит ҳисси норизой, эътироз, шикоят ё ғазабро ба вуҷуд овардааст. Ин ҳис дар ашӯлаҳо қисман ба воситаи изҳори зорию илтимос пеши ёр, гилаву таънаву мазаммат дар ҳаққи ӯ акс шудааст:
Баҳриоим пӯстакрӯ
Тахтапушташ якта мӯ,
Якта мӯта начунбон,
Ошиката насузон.
Рӯи хавлима ра кадил,
Мана мардумба гап кадил.
Айни вақти ёшиманда,
Сари мана хам кадил.
Дар ашӯлаҳо ба фоҷиаҳои гуногуни хоси ҳаёти ҷавонону
духтарон ишораҳо меравад, ки дар натиҷаи ҷорӣ будани никоҳи
маҷбурӣ ба амал омадаанд. Як ашӯла ба ҷонбад, ашӯлаи дигар ба шахси маъюб, ашӯлаи сеюм ба шавҳари пир, ашӯлаи
чорум ба бангӣ, ашӯлаҳои дигар умуман ба шавҳари номуносиб дода шудани духтарро қайд мекунанд. Оҳанги гуфтор дар
ин ашӯлаҳо раҳмгинона ва тассуфангез буда, ҳисси дили
ашхосеро падид меоварад, ки аз ин гуна тартиботи ҷамъиятӣ
1 Русское народное поэтическое творчество, Т. II, кн. 2, М.—Л., 1956, стр. 93.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё