Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Аз ашӯлаҳо, чунон ки мебинем, овози эътирози занҳои аз ҳаёти худ норизо баланд мешавад. Маълум мегардад, ки на ҳамаи занҳои кундошдор ба тақдири худ тан медиҳанд. Бисёр занҳо дар бораи шавҳарони худ бо хашму нафрат сухан меронанд:
Бум сохтамо, бум сохтам.
Тепишба болохуна.
Болумба зан овардӣ,
Давоят турмахуна!
Э Маҳкамбои беакл,
Шарму ҳаё надоред.
Ҳар каса дан1 андохта,
Болумба зан овардел!
Дар байни ашӯлаҳо асарҳое гурӯҳи алоҳидаро ташкил медиҳанд, ки дар бораи камбағалӣ гуфта шудаанд. Аз сурудҳои ошиқони камбағал ё муҷаррадони бепулу мол, ки аз толеи бади худ шикоят мекунанд, хузну ноумедӣ ва азоби зӯри рӯҳӣ зоҳир мешавад.
Гули зарди заъфарун,
Ранги ёрӣ ман хазун.
Аз барои бечизӣ,
Ҳама рӯз дилам вайрун.
Ашӯлаҳое, ки дар фироқи падар, бародар, хоҳар, духтар ва ғайраҳо гуфта шудаанд, каму беш дучор шаванд ҳам, вале маъмунан аз байту рубоиҳои оиди мавзӯъҳои ғарибӣ, ҷудоӣ ва мусофирӣ тафовутҳо доранд. Дар онҳо манзараҳои видоъ, лаҳзаҳои сафар азоби роҳ, машаққатҳои мулкҳои бегона, марг дар ғурбат ва ин гунаҳо тақрибан акс наёфтааст. Дар ҷустуҷӯи кор ва ба нияти мардикорӣ роҳи мулкҳои дурро пеш гирифтани мардум ҳам аз ашӯлаҳо маълум намегардад. Фақат дар баъзе ашӯлаҳо дар хусуси ба ягон шаҳре сафар кардани мардон сухан меравад:
Ёрам Кӯканд бурафсос,
Чоки маҳсиш кандагӣ.
Умедворо ноумед,
Ришти дилиш кандагӣ.
Бо вуҷуди ин дар мавзӯи дарду ҳасрати фироқ ва ғаму андӯҳи ғарибӣ як миқдор ашӯлаҳо ба вуҷуд омадаанд: «Ғилбеланда ғӯза ҳай, кашам адо намеша(ва)д, ин алами ғарибӣ, гӯям адо намеша(ва)д» арз мекунад кадом як шахси аз тақдираш норизо. Аз афташ, ин хел суханон ба шахсони аламзадаи бекасе тааллуқ доранд, ки шоми танҳоӣ ва кӯи бенавоӣ насиби умрашон гардида буд.
Қаҳрамони лирикии бисёр ашӯлаҳо, ки духтаронанд, бо баъзе хислатҳои худ аз қаҳрамони лирикии як қисми байту рубоиҳо фарқ мекунанд. Онҳо майлҳои озодихоҳӣ, итоат накар- ба урфу одатҳо, нотарсӣ ва ҷасорат аз худ зоҳир кар-
1 Дан — даҳан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё