Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

рат буда, савти гӯшнавоз ва оҳанги дилчасперо ба миён меоварад ва ҳавои хонишро ба куллӣ ба худ тобеъ мегардонад:

Рафтам лаби бумаТба,
Нагуфтӣ, ки чунатба.
Кошои каламатба,
Чашмои сузунатба.

Дар ашӯлаҳое, ки ин тарз қофиябанд гардидаанд, одатан қофияҳои дохилӣ дучор мешаванд, ки дар таъкиди маъно ва изҳори ҳиссу ҳаяҷон роли муҳим доранд. Дар ашӯраи зерин, ба сабаби якхела будани садои охирини калимаҳои аввали мисраъҳо изҳори шавқ хитобангез шуда, оҳанги таъсирнок ба худ гирифтааст:

Анора дона кардед,
Маро девона кардед!
Дар роҳи ишқат, ёрам,
Ёра бегона кардед!

Такрори садоҳои якхела ва мувофиқати онҳо дар талаффуз, такрори калимаҳо (радиф) ба ашӯлаҳо оҳанги шӯҳба бахшида, савти форам ба амал меоварад.

Ан-о ра д-о-на к-ар-д-е-д.
Ма-ро де-в-о-на к-ар-д-ед.
Д-ар юр-ти му-со-фи рий.
Ё-ра бег-о-на к-ар-д-ед.

Маҳз ба туфайли ин хел танзими олиҷаноби садоҳо бисёр ашӯлаҳо ба дилҳо роҳ ёфта, маҳфуз мондаанд. Аз рӯи кор, ин хусусият, яъне балоғати оҳангнокӣ ҳусни хоси ашӯла қарор гирифтааст.

Қофиябандӣ дар ашӯлаҳо нисбат ба рубоӣ гуногунтар аст. Дар ашӯлаҳо, ба замми ҳамқофия шудани ҳамаи чор мисраъ (а а а а), мисраъҳои якуму дуюму чорум (а а б а), мисраъҳои якум бо дуюм ва сеюм бо чорум (а а б б), ду навъ қофиябандиҳои дигар мушоҳида мегардад, ки ин хусусият на ба намудҳои дигари назми халқӣ хос асту на ба назми китобӣ. Ин хел қофиябандӣ танҳо дар ашъори шоирони имрӯза ба назар расида мешавад, вале аз ашӯлаҳо ба чунин хулоса омадан лозим мешавад, ки ин ҳодиса таърихи муайян дорад ва дар назми халқ дар давоми асрҳо давом карда омадааст.

Дар як қисм ашӯлаҳо мисраи якум ба сеюм ва мисраи дуюм ба чорум (а б а б) ва ё мисраъҳои якум ва сеюм ҳамқофия мешавад:

Лаби чуба нашинид. (а)
Лаби чӯя намаш хай, (б)
Кӯчи Мулчар наравид. (а)
Мардумоя гапаш хай. (б)

пешина
аз 295
навбатӣ