Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳайти эҷодиёти даҳонакии халқ дар бобати ба халқу ватан хизмати фарзандон кардан ва дар роҳи манфиати онҳо корнамоӣ нишон додан намунаи ибрат шуда метавонанд.

Прометей, ки онро хаёлоти бадеии юнониёни қадим офаридааст, қаҳрамони маҳбуб ва ҳаяҷонбахши Ф. Энгельс буд. Ӯ бо қувваи ҳаётии беинтиҳои худ, бо муборизаи бузурги худ дар роҳи ҷустуҷӯи ҳақиқат диққати К. Маркси ҳамеша ба худ ҷалб мекард.

Қаҳрамони дӯстдоштаи Ф. Энгельс аз «Таронаи Нибелунгҳо» Зигфрид буд. Дар ин образ ӯ ифодаи бадеии идеали ахлоқии халқро медид, ки ғояи озодихоҳӣ оҳанги махсуси он қарор гирифтааст.

Ф. Энгельс қаҳрамонии ӯро ба ҷавонони демократи муосири немис нисбат медод. Дар мақолаи «Ватани Зигфрид» ӯ менависад: «Зигфрид намояндаи ҷавонони немис аст... Мо ҳама он эҳтироми қаҳрамонӣ ва исъёни зидди анъанаро, ки боиси аз касри падар ронда шудани Зигфрид гардида буд, ҳис мекунем»¹.

Ф. Энгельс ин қаҳрамони асари қадимиро ба шароити замони худ вобаста карда, ҷавононро даъват менамояд, ки аз Зигфрид ибрат гирифта, ба муқобили «девҳо»-и калисо ва давлат далерона ва ба таври қатъӣ мубориза баранд.

К. Маркс ва Ф. Энгельс чӣ гуна идеалҳои накӯкориро талқин кардани эҷодиёти бадеии халқро ба хубӣ фаҳмида, дар мақолаҳои публицистии худ образҳои фолклориро фаровон истифода мекарданд ва дар саҳифаҳои газетаву журналҳои революционӣ матни сурудҳои халқиро дарҷ менамуданд. Масалан, Ф. Энгельс дар рӯзномаи «Социал-демократ» соли 1865 суруди халқии Дания «Ҷаноби Тидман»-ро нашр кардааст. Мақсади нашри ин сурудро ӯ ба К. Маркс чунин изҳор мекунад: «Ман ба онҳо дар бораи Тидман суруди хурди халқии Данияро мефиристонам, ки дар он мӯйсафеде дар маҷлиси халқӣ Тидманро барои ба дӯши деҳқонон андози нав бор карданаш мекушад.
Ин ҳодисаи революсионӣ аст, ва албатта, маънои ҷазо доданро надорад, ин пеш аз ҳама ба муқобили сохти дворянии феодалӣ, ки рӯзнома ҳатман бояд ба муқобили он баромад кунад, равона шудааст»².

Асосгузорони коммунизми илмӣ ба қувваи ҳаҷвии шеърҳои халқӣ баҳои баланд дода, онҳоро дар муборизаи худ ба муқобили душманони синфиашон моҳирона истифода мебурданд. Масалан, Ф. Энгельс мазмуни мақолаи машҳури худ «Рӯҳонии Брей»-ро дар асоси мундариҷаи достони ҳаҷвии бо ҳамин ном эҷодшудаи халқӣ ифода намудааст. Дар ин достон рӯҳоние масхара карда мешавад, ки ӯ ҳангоми иваз шудани ҳар як подшоҳ ниқоби сиёсии худро тағйир медиҳад³.

¹ К. Маркс и Ф. Энгельс. Об искусстве, Т. 2. стр. 568.
² К. Маркс и Ф. Энгельс. Об искусстве. Т. 1, М., 1957, стр. 551.
³ Ниг. ҳамон асар, саҳ. 553.

пешина
аз 295
навбатӣ