Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Санъати такрор асосан дар мисраи аввали байт воқеъ гардида, чун дар рубоиҳо диққатро ба ҷиҳати асосии масъала ҷалб менамояд. Ба байтҳо такрор ёфтани мухотабу тавсиф хос аст:
Духтар, духтар, лабҳои кандатба мурам,
Истодани кучаҳои тангатба мурам.
Аз хона баромадӣ хандон-хандон,
Бо дасти сафед, камарҷа бандон-бандон.
Умуман, ба тавассути такрор дар байт хушоҳангие тавлид шуда, ба таъсирнок ва мароқовар шудани мундариҷаи байт замина ҳосил мекунад. Дар байти зерин як калима (сӯхтан) дар аввали мисраъ омада ва дар охири он такрор ёфта, дар айни замон радиф шудааст. Ба замми ин дар байт боз калимаҳои аз ҷиҳати талаффуз ба он монанд (сузундӣ-тоза) ва якчанд калимаи ҳамвазну ҳамқофия (чунат-хунат, дард-кард) ҷой дорад, ки дар натиҷаи ҳамаи ин байт як оҳанги гӯшнавозу диловез ба худ гирифта, мундариҷаи он басо диққатангез гардидааст:
Сузундӣ мана, илоҳӣ, чунат сузад,
Дарди мана тоза кардӣ, хунат сузад.
Эҷодкунандагони байтҳо одамони оддии деҳаҳои дурдастанд, бинобар ин забони онҳо асосан хусусиятҳои забони гуфтугӯиро дар бар кардааст. Бисёр байтҳо аз нутқи аз ҷиҳати сохт содда ва ба гуфтугӯи муқаррарӣ наздик иборат аст. Дар байтҳо инчунин калимоте, ки ба ҳаёти маишии ҳаррӯзаи мардум алоқаманд нестанд, тақрибан ба кор бурда намешавад. Вале бо вуҷуди ин забони байтҳоро бо забони гуфтугӯй як донистан дуруст нахоҳад буд. Забони онҳоро рамзҳои мухталиф таъсирнок ва мундариҷаашонро амиқ карда, барои барҷаста ва шавқангез ифода ёфтани ҳолатҳои гуногуни одамӣ ёрӣ мерасонанд. Мухотаб бо такроршавиҳои худ, такрору тавсиф бо вазифаи худ дар бунёди образҳо, ҳар гуна нидоҳо ва ҳиссаҷаҳои хитобию саволӣ бо роли худ дар ҳосил намудани тобишҳои гуногуни маъно ва инчунин баъзе суффиксҳо (чунончи, суффикси хурдию навозиш «-ак») байни услуби забони байтҳо ва услуби забони гуфтугӯй фарқе ба вуҷуд меоварад.
Аз ҷиҳати қофия мо дар байтҳо ҳамаи хусусиятҳои рубоиҳоро мушоҳида мекунем, чунончи, дар баробари қофияҳои мукаммал (гӯш — хомӯш, косиб — муносиб) ҳар гуна қофияҳои аз рӯи суффикс ва бандакҷонишинҳо, наздикии оҳанги талаффуз ва монанди инҳо тартибёфта дар байтҳо басо серистеъмоланд: гуфтан — рафтан, гапҳота — додадода, мунда — шарманда, мушк — мушт, илат — минат, хофизӣ — чӯрағӣ, гул — бедил.
Байтҳои беқофия дучор намешаванд. Бо вуҷуди дар байтҳо такрор ёфтани як қатор қофияҳои машҳур (-он, -ар, -ор, -о), чун дар рубоиҳо басо гуногун будани калимаҳои қофияшаванда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё