Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АдабиётАфсонаФарҳанг
Аз аввал хондан

талаботи бо пардоз ифода намудани чизҳои дидашуда ва баён кардани орзую хоҳишро низ ба миён оварданд. Ба туфайли орзую тасаввурот эҳсосоти эстетикӣ ва хаёлот дар бораи зебою меъёри зебоӣ ба вуҷуд меоянд ва дар асоси ҳамаи ин нахустин асари эҷодиёти халқ пайдо мешавад. «Хаёлот, — мегӯяд К. Маркс, — мукофоти бузургест, ки ба инкишофи афкори инсонӣ мадади ҷиддӣ расонидааст, акнун афсонаҳое офаридан лозим меояд, ки ба табъи аҳли замон мувофиқ бошанд. Афсона ва ривоятҳои диққатангези халқӣ бошанд, кайҳост, ки ба насли инсон таъсири бузург гузоштаанд»1.

Асарҳои нахустини фолклор мифҳо, афсонаҳо ва ривоятҳо буданд. Олимони буржуазӣ мифологияро дин ҳисоб карда, хулоса баровардаанд, ки ба эҷодиёти халқ гӯё такони аввалинро ақидаи динӣ додааст. К. Маркс ва Ф. Энгельс таълим медиҳанд, ки дин ва мифология — ҳар ду як чиз нест. Ҳар кадом соҳаҳои тамоман гуногуни идеологияи одамони қадиманд. Дин парастиши стихия (ҳодисаи табиат)-ро талқин мекунад ва ғояи парастишро пеш меронад. Мифология бошад, шакли хаёлот, воситаи бадеии дарккунии ҳастӣ мебошад. Г. В. Плеханов назарияи марксизмро инкишоф дода, гуфта буд, ки: «соҳаи дин назар ба соҳаи мифология хеле маҳдуд аст ва миф ҳикоятест, ки ба саволҳои барои чӣ? ва чӣ тавр? ҷавоб медиҳад. Миф аввалин ифодаи хаёлоти бошууронаи инсон дар бораи алоқаи байниҳамдигарии ҳодисаҳо мебошад»2.

Асосгузорони марксизм мифология, алалхусус, эпоси Ҳомерро аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги маданияти инсоният дар давраи ҷамъияти тосинфӣ медонанд. Санъати классикии Юнон бе комёбиҳои эстетикии мифология эътибор пайдо карда наметавонист. «Маълум аст, ки, — навишта буд К. Маркс, — мифологияи Юнон на фақат ҷавҳари санъати юнониён, балки асоси онро низ ташкил медиҳад»3.

К. Маркс ва Ф. Энгельс дар бораи тараққиёти нобаробари шаклҳои маданияти инсоният. Мулоҳизаҳои К. Маркс ва Ф. Энгельс дар хусуси нобаробар тараққӣ кардани шаклҳои маданияти инсоният дорои аҳамияти махсус мебошанд. Санъати антиқӣ, алалхусус, эпоси юнонӣ дар тулӯи тамаддуни башар ба вуҷуд омадаанд. Бо вуҷуди ин онҳо дар таърихи ҷаҳон як давраро ташкил медиҳанд ва аз ҷиҳати норма ва намунаи олӣ будан аҳамияти худро ба маънои муайяне нигоҳ медоранд. К. Маркс дар мисоли онҳо нишон медиҳад, ки давраҳои гул-гулшукуфии баъзе шаклҳои санъат, монандӣ эпос, бо тараққиёти умумии ҷамъият мувофиқат намекунанд, зеро онҳо «дар шакли классикии худ» танҳо дар пояи нисбатан қадимтари инкишофи санъат ба вуҷуд омада метавонистанд, «...оё бо пайдо шудани даст-

1 Ҳамон асар, саҳ. 270—271.
2 Г. В. Плеханов. Избранные философские произведения. Т. 3. М., 1957, стр. 308, 331.
3 К. Маркс и Ф. Энгельс. Об искусстве. Т. 1, стр. 135.

пешина
аз 295
навбатӣ