Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
намояндагони маъруфи «Мактаби романтикӣ» Иозеф Герресро барои он, ки ӯ дар маҷмӯаи бо номи «Китобҳои халқии немис» чоп кунонидан худ асарҳои фолклориро идеализация кардааст ва онҳоро нодуруст маънидод намудааст, танқид мекунад. Ф. Энгельс дар ин мақолааш бар хилофи мавқеи зиддилминии романтикҳои немис аз тартибдиҳандагони ин гуна маҷмӯаҳо талаб менамояд, ки онҳо нисбат ба «китобҳои халқӣ» назари танқидӣ дошта бошанд, аз асарҳои фолклорӣ чизҳоеро интихоб кунанд, ки ба талаботи ғоявӣ ва эстетикии давр ҷавоб дода тавонанд ва бо муборизаи озодихоҳои халқ мутобиқат намоянд.
Ф. Энгельс вазифаи «Китобҳои халқӣ»-ро муайян карда гуфтааст: «Барои китоб номи китоби халқиро гирифтан шарафи бузург аст»... Барои ҳамин ҳам «Китоби халқӣ вазифадор аст, ки ҳангоми аз кори вазнини рӯзона баргаштани деҳқон ӯро андармон созад, шоду рӯҳбаланд намояд, маҷбур кунад, ки ӯ меҳнати тоқатфарсоро фаромӯш кунад, саҳрои сангини ӯро ба гулбоғи муаттар табдил диҳад; асари халқӣ вазифадор аст, ки корхонаи косиб ва зери чортоқи дилгиркунандаи шогирдро ба қасри мӯҳташам бадал намояд ва маҳбубаи зебои ӯро, дар намуди боз ҳам зеботар ва дилоротар нишон диҳад. Асари халқӣ инчунин вазифадор аст, ки ҳиссиёти ахлоқии ӯро муайян кунад, ӯро барои эътироф кардани қувваи худ, ҳуқуқи худ, озодии худ маҷбур намояд, мардонагӣ ва муҳаббати вайро нисбат ба ватан бедор кунад»1.
Ф. Энгельс чунин мешуморад, ки агар китоби халқӣ ба ин талабот ҷавоб дода натавонад, вайро аз нав кор кардан лозим аст.
Ба ақидаи Ф. Энгельс дар вақти аз нав кор кардани эҷодиёти халқ пеш аз ҳама, ҷиҳати ғоявии он ба ҳисоб гирифта шавад ва ҳеҷ гоҳ ба арзиши бадеии он халале нарасад.
Ф. Энгельс аз латофати бадеии такрорнашавандаи санъати халқ лаззати зиёд мегирифт, вале ӯ аз ҳисоби мундариҷаи ғоявӣ ба «зебоӣ» дода шуданро тамоман нолозим медонист.
Ба ҳамин тариқ К. Маркс ва Ф. Энгельс эҷодиёти халкро хеле чуқур, васеъ ва нозук омӯхта, ба он аз нуқтаи назари диалектикаи материалистӣ баҳо медоданд. Онҳо алоқаи ҷудонашавандаи байни эҷодиёти бадеии халқ ва вазъияти зиндагии халкро қайд намуда, ҳамеша таъкид мекарданд, ки офаридаҳои бадеии халқ шоҳиди безабони замони қадим нестанд. Эҷодкардаҳои халқ асарҳои дорои қувваи бузурги таъсирбахши эстетикӣ ва воситаи наҷиби тарбияи ғоявӣ-сиёсии омма мебошанд.
К. Маркс ва Ф. Энгельс дар фаҳмиши илмии қонунияти та
1 К. Маркс и Ф. Энгельс. Об искусстве, Т. 1, стр. 559. (Тарҷимааш аз китоби А. Суфиев «Марксизм-ленинизм дар бораи фольклор», Душанбе, 1972 иқтибос шуд).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё