Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

В. И. Ленин ба фикрҳои бардурӯғи реаксионӣ, ки гӯё дар давраи капитализм вуҷуд доштани маданияти ягонаи миллӣ имконнопазир бошад, зарба дода, ҳудуди ду маданият, маданияти демократӣ ва маданияти синфҳои истисморкунандаро дар дохили ҳар як маданияти миллӣ равшан кард. Ӯ дар «Қайдҳои танқидӣ оид ба масъалаи миллӣ» ном мақолааш (1913) чунин менависад: «Дар ҳар миллати ҳозиразамон ду миллат ҳаст — мегӯем мо ба ҳамаи национал-социалҳо. Дар ҳар як маданияти миллӣ ду маданияти миллӣ ҳаст. Маданияти великоросии Пуришкевичҳо, Гучковҳо ва Струевҳо мавҷуд аст,— аммо маданияти великоросие низ вуҷуд дорад, ки бо номҳои Чернышевский ва Плеханов ифода ёфтааст. Дар маданияти украинии ҳам ҳамин гуна ду маданият ҳаст, ҳамчуноне ки дар Германия, Франция, Англия дар яҳудиён ва ғайра низ дида мешавад»¹.

В. И. Ленин дар ҳамон асари худ ба маданияти синфҳои истисморкунанда зид будани маданияти демократиро қайд намуда, чунин мегӯяд: «Дар ҳар як маданияти миллӣ гарчанде тараққино карда бошанд ҳам, унсурҳои маданияти демократӣ ва социалистӣ мавҷуданд, зеро дар ҳар миллат оммаи меҳнаткаш ва истисморшаванда ҳаст, ки шароити зиндагонии вай ҳатман идеологияи демократӣ ва социалистиро ба вуҷуд меорад»². Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки на ҳамаи материалҳои фолклорӣ аз ҷиҳати ғоя ва бадеият як хел қимат доранд. Равияҳои пешқадам ва ртӣҷоӣ дар фолклор ҷудо карда тавонистан лозим аст. Ҳамаи он чизҳои аз байни халқ ҷамъкардашуда фолклор шуда наметавонад. Моҳи декабри соли 1913 В. И. Ленин ба А. М. Горький навишта буд: «Фаҳмиши «халқӣ» дар бораи илоҳӣ ва қудрати илоҳӣ нодонӣ, ҷоҳилият ва торикии «халқӣ» мебошад, на ба «тасаввуроти халқӣ» дар бораи шоҳ ва дар бораи чину парӣ ба кашидан аз мӯи занҳо шабоҳат дорад»³.

В. Д. Бонч-Бруевич, ки он вақтҳо дар вазифаи коргузори Совети Вазирони халқӣ кор мекард, нақл мекунад, ки В. И. Ленин баъд аз Революсияи Октябр бо «Маҷмӯаи этнографии Смоленск» (тартибдиҳанда В. Н. Добровольский) ва маҷмӯаи афсонаҳои ҷамъкардаи Н. Е. Ончуков ва дигар китобҳои оид ба фолклор шинос шуда, чунин мегӯяд: «Ман ҳамаи ин китобчаҳоро аз назар гузаронидам, ба назарам, шояд вақт ё хоҳише нест, ки ҳамаи инҳо ҷамъбаст карда шаванд, ҳамаи инҳо аз нуқтаи назари иҷтимоӣ-сиёсӣ дида баромада шаванд. Охир, аз рӯи ин материал дар бораи орзую омоли халқ тадқиқоти аҷоибе навиштан мумкин аст. Бинед,— илова кард ӯ,— ана дар ин ҷо, дар афсонаҳои Ончуков, ки ман варақ задам, чизҳои аҷоибе ҳаст. Ана диққати адабиётшиносонамонро ба кадом масъалаҳо ҷалб кардан лозим аст. Ин эҷодиёти ҳақиқии халқ аст,

_____________________ ¹ В. И. Ленин. Асарҳо, ҷ. 20. Сталинобод, 1958, саҳ. 17.
² Ҳамон асар, саҳ. 8.
³ Сб. «Ленин о культуре и искусстве», стр. 425.

пешина
аз 295
навбатӣ