Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

мудор мегардад. Масхарабозони ҳунарманд, дар баробари такмил додани пьесаҳои маъмули халқӣ, мувофиқи характер ва ҷаҳонбинии худ ба мазмуну ғояи пьесаҳо тағйироте дохил менамоянд. Барои исботи ин фикр пьесаи машҳури «Булбулбозӣ» мисоли равшан шуда метавонад. Н. Нурҷонов ин пьесаро ба ҷумлаи пьесаҳое зикр мекунад, ки ба мавзӯи савдою тиҷорат оиданд. «Сюжети пьесаи «Булбулбозӣ», — менависад ӯ, — хеле хандаовар аст. Савдогаре якчанд булбул мехарад. Бинад, фурӯшанда ба ҷои булбул ғук додааст. Савдогар пулашро гардонда гирифтани мешавад. Фурӯшанда қабул накарда мегӯяд, ки ӯ булбул фурӯхта буд... Савдогар хашмгин шуда, пеши қозӣ рафта, ба ӯ пора медиҳад, вале фурӯшанда ҳақ будани худро исбот намуда, ғолиб омада, баромада меравад. Пьесаи «Булбулбозӣ» дар бисёр нусхаҳои ба ҳамдигар наздик дар ноҳияҳои собиқ вилояти Кӯлоб хеле машҳур аст»1.

Ҷонов Ҳасаналӣ ба ин пьеса тағйироти муҳим дохил кардааст. Дар нусхаи ӯ ба ҷои савдогар ҷавонмарди мусофир амал карда, ба булбулон ба мақсади таскин додани дили озурдааш харидор мешавад.

Булбулхар (ба булбулфурӯш муроҷиат карда): «Эй ошно, ман ҳунари бисёр дорам... лекин ҳамин хел шуд, касабаҳо аз дастам рафт, барои ҳамин кайф аз ватан баромадам. Биёию ягон булбулакта ба ма савдо кунӣ, дили ман рӯшан шавад».

Булбулфурӯш (ба булбулон — гурӯҳи бачагон, ки дар зери ҷома нишастаанд, ишора намуда): «Мо инҳоро бисёр саҳмат катӣ кардем, обу донаи бисёр саҳмат додем... ва иллоҳ мо савдо кунему булбулхоро хор кунӣ, дар ҳаққи инҳо зомин мешавӣ, агар хуш бупарварӣ раҳмат ба падарат, агар хуш напарварӣ, замину замон дар гардани модарат».

Булбулхар ваъда медиҳад, ки булбулонро нағз парвариш мекунад. Вай барои пул ба хонаашон меравад. Модараш мегӯяд, ки дар хонаашон ҳеҷ чиз нест. Модар маъюсии фарзандашро дида маҷбур мешавад, ки чор-панҷ мургашро фурӯхта, пулашро ба писараш диҳад. Булбулхар пулро ба булбулфурӯш дода, булбулҳоро мегираду мебинад, ки ӯ ба ҷои булбул ғукҳоро фурӯхтааст. Дар қаҳр шуда, ба рӯи ғукҳо, ки роҳи онҳоро бачагон мебозанд, сиёҳии дегро мемолад. Бачагон гурехта, пароканда мешаванд. Бо ҳамин драма ба охир мерасад.

Чӣ хеле ки мебинем, Ҳасаналӣ бадбахтии марди мазлуми бенавоеро намоиш медиҳад, ки ӯро фириб карда, захми тозае ба дилаш мезананд. Ҳамин хел Ҳасаналӣ дар баробари нигоҳ доштани ҷиҳатҳои хандаовари сюжети пьеса, ғояи онро тағйир дода, оҳанги иҷтимоӣ ва психологияи пьесаро пурқувваттар мекунад.

Дар пардаи ҳаҷв ба ҷилва овардани нозуктарин ҳолатҳои рӯҳии одамӣ ҷиҳати муҳими кори эҷодии масхарабозон мебо-

1 Н. Нурджанов. Таджикский народный театр, стр. 148.

пешина
аз 295
навбатӣ