Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Ба обу тоб аст сумалак,
Хӯрданибоб аст сумалак,
Ошаки нав аст сумалак,
Сабзу кабут аст сумалак.
Дар назми халқии бачагон дар бораи предмет ва ҳодисаҳои табиат, инчунин дар бораи ҳайвонот, паррандагон ва ҳашарот низ сурудҳо эҷод шудаанд, ки намунаи ин навъ сурудҳо дар китоби «Назми халқии бачагони тоҷик» дарҷ гардидаанд.
Санъатҳои шеърии назми бачагон. Суруд ва таронаҳои халқии бачагони тоҷик аз ҷиҳати шакл нисбатан озод буда, чун назми китобӣ қолаби муайян надоранд. Дар назми бачагон қофия ва ҳамоҳангии калимаҳо принсипи асосии шеърият буда, вазн ва мизони мисраъҳо ба оҳанг ва ритми муайяне тобеъ мебошад. Оҳанг ва ритми назми халқии бачагон аз доираи ҳафт-ҳашт ҳиҷо қариб берун намебарояд ва миқдори байту мисраъҳо зиёд нестанд. Барои назми халқии бачагон такрори калимаю ибораҳо, мисраъ, байтҳо ва нақарот (байт ё мисраи гардон) бештар характернок аст. Масалан:
Таги анҷир суфача,
Суфачава намадча,
Намадчава кӯрпача,
Кӯрпачава лӯлакча...
Ҳой, хой, хое!
Ангурако ало шуд,
Ҷумчукако бало шуд,
Ҳой, хой, хое!
Ин боғи козне,
Нахур, норозне,
Ҳой, хой, хое!
Ангурако ало шуд,
Ҷумчукако бало шуд,
Ҳой, хой, хое!
Нақарот бисёртар дар сурудҳои маросимӣ ва сурудҳои ҳазломезу шӯх, ки дар фолклори бачагон хеле зиёданд, мушоҳида мешавад. Дар сурудҳои «Бойчечак», «Соли нав», «Баҳори нав муборак» нақаротҳои «Бойчечак, бойчечак, майдони бовом кунгечак», «Соли нав мӯрак бошаде», «Баҳори нав муборак бод» пас аз ҳар банди суруд такрор мешаванд, ки дар вақти хондани суруд бачаҳо бо овози баланд баробар месароянд. Аммо дар сурудҳои ҳазломезу шӯхи «Бузак», «Харак», «Во, пишакам», «Мошоба» ва ғайра ҳам худи сурудҳо ва ҳам нақаротҳои «О, бузакам, гидӣ-гидӣ», «О, мани бехар ҷо кунаме», «Во, пишакам, во, пишакам», «Мошобаҷон, мошоба, ғур-ғури ғур мошоба» на ба таври коллективӣ, балки аз тарафи шахси ҷудогона (шахси калонсол ё бача) хонда мешаванд. Чунончи, суруди «Бузак» ин тавр хонда мешавад:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо