Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Ин корро ҳар як коргар, инженер, агроном, шахтёр, бофанда, колхозчӣ ва ғайра, ки шоирӣ касби асосии ӯ нест, низ карда метавонад. Бинобар ин ҳар кадоми онҳоро шоири халқӣ номидан нодуруст аст. Бо забон ва услуби содда ва ҳатто бо шева эҷод шудани шеъри ин ё он фард ҳанӯз ба қатори асарҳои фолклорӣ дохил гардидани он шеърро намефаҳмонад. Фолклор, пеш аз ҳама, асари бадеии коллективӣ мебошад, ки муаллифи он халқ аст. Вай аз даҳон ба даҳон гузашта, мукаммал ва суфта мешавад ва вариантҳо пайдо мекунад.
Дуруст аст, ки баъзе шеърҳои шоирони бесавод ва ҳатто саводнок дар байни халқ паҳн шуда, ҳамчун асарҳои бемуаллиф ё муаллифашон номаълум вирди забон мешаванд, вариантҳои нав пайдо мекунанд. Ин гуна шеърҳо, албатта, ба хазинаи эҷодиёти халқ дохил мешаванд ва онҳо ба асари фолклорӣ шудан ҳуқуқ пайдо мекунанд.
Дар эҷодиёти шоирони бесавод ва саводноки халқӣ баъзе анъанаҳои назми халқӣ мушоҳида мешаванд. Вале ин ҳеҷ гоҳ асос шуда наметавонад, ки асарҳои онҳо ба фолклор дохил шаванд. А. Лоҳутӣ, М. Раҳимӣ, М. Аминзода ва боз чанд нафар шоирони дигар бо равияву услуби фолклорӣ асарҳо эҷод кардаанд, ки он асарҳо ҳаргиз фолклор шуда наметавонанд.
Баъди Революцияи Октябрь дар ҳаёти халқи меҳнаткаши тоҷик табаддулоти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ ба вуҷуд омад, ки ин табаддулоти азимро на танҳо шоирони касбӣ, балки халқ низ дар эҷодиёти даҳанакии худ тараннум кардааст. Аз байни касони хуштабъ ва шоиртабиат, ки ҳанӯз хату савод надоштанд, баъзеҳо дар шеъру сурудгӯӣ, ҳофизӣ фаъолияти хубе зоҳир менамуданд, шеъру достонҳои онҳо дар саҳифаҳои матбуот чоп мешуданд. Онҳо ҳамчун шоири бесавод, яъне халқӣ ном бароварда буданд ва илова бар ин, услубу методи эҷодии онҳо ба фолклор хеле наздик буд. Масалан, рубоиҳои Юсуф Вафо дар бораи роҳсозӣ, мактаб, озодии занон, колхоз, меҳнат, ҳаёти нав ва ғайра, шеъру достонҳои Бобоюнус Худойдодзода дар бораи Революцияи Октябрь, торумор шудани босмачиён, қаҳрамонии ҷанговарони советӣ дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, суруд ва ашъори гуногуни Саидалӣ Вализода дар васфи В. И. Ленин, Октябрь, Армияи Советӣ, ҳаёти колхозӣ, меҳнат, ободонӣ ва амсоли инҳо ҳамчун як шохаи фолклори ии адабиёти ҷавони советии тоҷик мавқеъ гирифта, дар заминаи нав зуҳуроти тозаи эҷодиёти бадеии халқ буданд, ки ин ҳодисаи адабӣ-фолклорӣ дар солҳои сиюм, чилум ва панҷоҳум инкишоф ёфта, монанди Ҳикмат Ризо, Ҳомид Саид, Ҷаббор Қаюм, Ғуломҷон Шоҳсолеҳ, Мирзониёз Ҳусейнзода, Саид Холзода, Ҳасан Содиқзода ва ғайра як гурӯҳ намояндагони худро ба миён овард, ки ашъори онҳо ҳамчун ашъори шоирони халқӣ дар рӯзномаҳо ва журналҳо чоп мешуданд.
Дар солҳои охир дар натиҷаи инкишофи илму маданият ва болоравии савияи донишу маърифати халқ миқдори ин гуна

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо