Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АдабиётАфсонаФарҳанг
Аз аввал хондан

Пайдоиш ва инкишофи ин назария бо тараққиёти забоншиносии алоқаи зич дорад. Забоншиносон усули ба таври муқоиса омӯхтани забонҳои ҳиндуевропоиро пеш гирифта, нишон медоданд, ки халқҳои ба ин забонҳо гуфтугӯкунанда дар як замон халқи ягона буданд ва асли ватани онҳо Осиё мебошад. Онҳо дар натиҷаи ба Европа кӯчидан пароканда мешаванд, баъд оилаи забонҳои ҳиндуевропоӣ ба вуҷуд меояд, аммо осори забони ягонаи пешина каму беш боқӣ мемонад... Олимон наздикию хешии забонҳои славянӣ, германӣ, романӣ, юнонӣ, эронӣ, санскритӣ ва ғайраро ҳамин хел нишон медоданд. Дар баробари ин шабоҳати эпоси оилаи халқҳои ҳиндуевропоӣ низ аз тарафи онҳо нишон дода мешавад.

Моҳияти назарияи мифологӣ аз он иборат буд, ки вай ёдгориҳои эҷодиёти даҳонакии халқро, ки дар натиҷаи парастиши офтоб ва дигар ҳодисаҳои табиат ба вуҷуд омадаанд, инъикоси тасаввуроти динии инсон мешуморид. Мувофиқи ин назария аз тасаввуроти динӣ гуфтор дар бораи қувва ва ҳодисаҳои табиат, мифҳо дар бораи худоён пайдо шудаанд. Олимон дар назди худ вазифа гузошта буданд, ки ривоятҳои динию мифологиро дар эҷодиёти даҳонакии халқ барқарор намоянд. Мифологҳо дар образҳои қаҳрамонон сурудҳои эпикӣ ва афсонаҳо ташхис ёфтани ҳодисаҳои гуногуни табиат: офтоб, осмон, рӯшноӣ, об, раъду барқ ва ғайраро медиданд ва зимистон, торикӣ, абр ва ҳоқазоро душманони ин қаҳрамонон мепиндоштанд. Масалан, баъзе мифологҳо ҷанги қаҳрамононро бо аждаҳо ҳамчун ҳодисаи табиат, ҷанги офтобу абр маънидод мекарданд.

Назарияи мифологӣ дар замони пайдоиши худ баъзе ҷиҳатҳои прогрессивӣ дошт. Вай масъалаҳои муҳими пайдоиш ва инкишофи эҷодиёти даҳонакии халқро ба миён мегузошт, ҳисси ҷустуҷӯйро дар илм бедор мекард, доираи илмиро васеъ менамуд. Аммо назарияи мифологӣ асоси мустаҳками материалистӣ надошт, вай ба мероси қадимӣ яктарафа баҳо дода, дар назди он сар ҳам мекард, дар тадқиқи осори эҷодиёти халқ муносибати зиддитаърихӣ зоҳир менамуд, тамоми боигарии эҷодиёти даҳанакии халқро ба тасаввуроти динии қадимзамон мепайваст. Ҳамаи он чизҳоеро, ки дар эҷодиёти халқ бо фикру андешаҳои деҳқонони муосир, бо ҳаёту муборизаи онҳо алоқаманд буданд, «вайроншуда», «харобшуда» медонист. Мифологҳо бо асарҳои худ хонандагонро аз масъалаҳои ҳаёти ҳозираи деҳқонон дур мекарданд, ки дар натиҷа худашон дар муайян кардани процесси ҳақиқии таърихии инкишофи эҷодиёти бадеии халқ оҷиз монданд.

Демократҳои революционных рус Н. Г. Чернышевский, Н. А. Добролюбов, М. Е. Салтыков-Щедрин мифологҳоро барои муносибати нодурусташон ба фольклори муосир, барои ба ҳар асари эҷодиёти халқ рафтори ҷудогона надоштанашон ва дар

пешина
аз 295
навбатӣ