Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АдабиётАфсонаФарҳанг
Аз аввал хондан

Шомат бинам, намози шомат бинам,
Дар «Жигули»-и чирнии саворат бинам,
Донишҷӯ будӣ, ҳар замон медидум,
Муаллим шудаӣ, ягон-ягонат бинам.

Ҳамин тавр, дар замони советӣ нисбат ба асарҳои халқии немуаллиф, ки онҳоро фольклор меноманд, эҷодиёти индивидуалӣ, яъне эҷодиёти «шоири халқӣ» бештар инкишоф ёфтааст, ки чунин ҳодиса, пеш аз ҳама, ба табаддулоти бузурги ҳаёти мадании халқи тоҷик вобаста мебошад. Аммо бо вуҷуди ин рубоӣ, ғазал, байт, латифа, чистон, зарбулмасал, ашӯла ва сурудҳои нави халқӣ низ кам нестанд, ки онҳо марҳилаҳои таърихии ҷамъияти советии моро инъикос мекунанд.

Дар фольклори советӣ на танҳо мавзӯъ ва мундариҷа ба куллӣ тағьир ёфтааст, балки шакл, услуб, методи эҷодӣ, ҳатто ҳайати эҷодкорону гӯяндагон низ дигар шудаанд. Онҳо бештар ба адабиёт ва ба намудҳои гуногуни санъати касбӣ наздик мебошанд, зеро савияи эҷодкорон ва аудиторияи онҳо хеле баланд бардошта шудааст. Адабиёт ва ҳамаи намудҳои санъат ба маънои томи ин калима умумихалқӣ гардидаанд, завқу назари эстетикии халқ оид ба эҷоди бадеӣ аз рӯи пояи интеллектуалӣ зоҳир мешавад. Аз ин рӯ, фольклори замони советиро эҷодиёти «авом», адабиёти бесаводон ҳисоб кардан раво нахоҳад буд ва сарояндагону маҳфуздорандагони он танҳо як худи мардуми деҳот намебошанд. Акнун дар мамлакати мо фольклор эҷодиёти бинокорони ҷамъияти коммунистӣ аст.

пешина
аз 295