Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
говаронан адабиёт ва танқиди адабии пешқадами демократиро, аз тарафи дигар, муқобил мегузорад. Ӯ бар хилофи назарияи зиддидемократии олимони буржуазӣ оид ба фольклор системаи ҷаҳонбинии материалистию революционини фольклоршиносиро пеш меронад. Концепсияҳои М. Горький дар фольклоршиносии советӣ ва ҷаҳон қадами бузург ба пеш мебошад. М. Горький назарияи революционер-демократҳои рус В. Г. Белинский, Н. Г. Чернышевский, Н. А. Добролюбов, инчунин ақидаи Г. В. Плехановро дар бораи пайдоиши санъат такмил ва инкишоф додааст.
М. Горький роли бунёдгузорини меҳнатро дар эҷоди бадии хеле боло гузоштааст. Дар ин бора ӯ дар мақолаҳои «Вайроншавии шахс» ва «Оид ба лаҳзаҳои динӣ-мифологияи эпоси қадимӣ» ва ғайра сухан рондааст. М. Горький дар бораи фольклор фикру андешаҳои равшану мукаммали худро дар маърӯзаи дар съезди Якуми умумииттифоқии нависандагони советӣ кардааш баён намудааст. Ҳамаи қисми аввали маърӯзаи ӯ ба фольклор бахшида шуда буд.
М. Горький қайд мекунад, ки аломатҳои тафаккури материалистии одами ҷамъияти ибтидоӣ дар афсонаҳо, мифҳо равшан ифода гардидаанд. Ба ибораи М. Горький дар онҳо «мо осори захматеро ҳис мекунем, ки дар вақти ром кардани ҳайвонот, ҳангоми кашфиёти алафҳои табобатӣ, ихтирои олоти меҳнат сарф карда шудааст»¹. «Дар замонҳои қадимтарин эҷодиёти бадеии халқ аҳамияти махсуси амалии ҳаётӣ дошт. Мақсаду ғояи мифҳо, афсонаҳо аз он иборат буд, ки меҳнати одами қадимро осон кунад, сермаҳсул намояд, онҳоро водор намояд, ки ба муқобили душманон — даррандагони чорпою дупо мусаллаҳ шаванд, инчунин ба воситаи қувваи сухан, бо приёмҳои сеҳру ҷоду ба ҳодисаҳои стихиявии табиат, ки душмани инсон буданд, таъсир расонанд»².
М. Горький дар мақолаи «Вайроншавии шахс» қайд мекунад, ки зебоии амиқу то имрӯз беназири миф ва эпосро, ки дар ягонагии комили ғоя ва шакл асос ёфтааст, танҳо натиҷаи қувваи бузурги коллектив донистан мумкин аст.³ Ин фикри худро М. Горький дар маърӯзааш дар съезди Якуми нависандагони умумииттифоқ васеъ изҳор намудааст.
Аммо М. Горький фольклорро идеализация накардааст. Ӯ ба вай аз нуқтаи назари таърихӣ баҳо медиҳад.
А. М. Горький на танҳо дар мақолаю маърӯзаҳояш роли халкро дар борати офаридани боигариҳои бузурги маданӣ нишон додааст, балки онро дар асарҳои бадеии худ низ ҳамин тавр тасвир кардааст. Дар эҷодиёти ягон нависандаи дигар
¹ Ҳамон асар, саҳ. 728.
² Ҳамон асар, саҳ. 728—729.
³ Ҳамон асар, саҳ. 48.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё