Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Баръакс баъзе далелҳо собит менамоянд, ки инсоният дар давраи ибтидоии зиндагии худ ҳеҷ гуна динро намедонист.
Назарияи нест, ки гӯё санъат аз бозиҳо пайдо шуда бошад. Аз рӯи ин назария чунин мебарояд, ки бозӣ аз меҳнат пеш пайдо шудааст, санъат бошад аз истеҳсоли предметҳои фоиданок муқаддамтар аст. Беасос будани ин назарияҳоро Г. В. Плеханов дар асари худ «Мактубҳои беунвон» хеле равшан исбот мекунад1.
Назарияи дигар тасдиқ менамояд, ки решаи санъат дар тинати эстетикии инсон аст. Ин назарияро низ дуруст ҳисоб кардан мумкин нест, зеро аз рӯи назарияи мазкур эҳсоси зебоӣ модарзод, яъне ҳодисаи биологӣ мебошад. Эҳсоси эстетикӣ, пас аз он ки инсон дар эҷодиёти худ инъикос кардани табиатро ёд мегирад, пайдо мешавад ва такмил меёбад.
Аҷдодони қадимтарини мо аз дарахт ба замин фаромада, қомати худро рост кардаанд. Ду пои пешашон ба даст табдил ёфта ва аввалин аслиҳаи меҳнат гардида, барои тайёр кардани дигар хел аслиҳаи меҳнат, яъне аслиҳаи сунъии меҳнат, хизмат мекардагӣ шуданд. Сандуқи дили инсон тағйир меёбад, гулӯ бо садопардааш низ дигаргун мешавад; акнун ин узвҳои бадани инсон на фақат аъзоҳои нафаскашӣ, балки ба узвҳои нутқ мубаддал мешаванд. Ин процесс хеле дуру дароз давом мекунад. Ф. Энгельс дар «Диалектикаи табиат» менависад: «То он даме, ки аввалин қайроқ бо ёрдами дасти инсон ба корд мубаддал шавад, шояд ҳамон қадар вақт лозим буд, ки он нисбат ба давраи таърихии ба моён маълум як вақти хеле кам мебошад. Аммо қадами муҳимтарин гузошта шуд: даст озод шуд, моҳирию санъаткории вай такмил ёфт, ин хусусияти ҳосилшуда торафт зиёд шуда, аз насл ба насл ва аз авлод ба авлод мегузашт»2.
К. Маркс ва Ф. Энгельс қайд мекунанд, ки санъат ба туфайли фаъолияти меҳнатии инсон ба вуҷуд омадааст. Дар баробари ин агар дар бораи эҷоди бадеии даҳанакӣ сухан ронем, дар он сурат пайдоиши он танҳо ба пайдоиши забон вобаста аст, ки забон барои ифодаи афкори ҷамъиятӣ хизмат мекунад. К. Маркс навиштааст: «Забон ҳамчун шуур низ қадимӣ аст, забон ҳам танҳо дар натиҷаи талабот, дар натиҷаи заруррати муносибати байни одамон ба вуҷуд меояд»3.
Пайдоиши забон барои ба вуҷуд омадани эҷодиёти бадеии даҳанакӣ заминаи лозимӣ муҳайё мекунад. Аммо то он вақте ки сухан каломи бадеӣ мегардад, як давраи дуру дарозе мегузарад, ки вай шояд, танҳо аз давраи якҳазорсола иборат набошад, зеро ки дар вуҷуди инсон нисбат ба олами мавҷудот як
1 Ниг.: Г. В. Плеханов. Письма без адреса, в. кн.: «Искусство и литература», М., 1948, стр. 42.
2 К. Маркс и Ф. Энгельс. Об искусстве. Т. 1, стр. 143.
3 Ҳамон асар, саҳ. 145.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё