Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
ционалии вазъияти худи ӯ мегардад. Санъати давраи палеолит иҷрои вазифаҳои муҳими ҷамъиятиро ба уҳда мегирад, ҳамчун яке аз воситаҳои таъсирноки алоқаи байни ҳамдигарии одамон ва ба инсон хизмат карданро сар мекунад. Бо ин суратҳои дар ғорҳо ва харсангҳо кашидашудаи одамоне, ки дар давраи ҷамъияти ибтидоӣ зиндагӣ кардаанд ва ба замони палеолит ва ё ба марҳилаи ибтидоии қарни оҳан тааллуқ доранд, шаҳодат медиҳанд. Дар ин суратҳо инсони ҷамъияти ибтидой ҳамон тарҳи ҳайвонҳоро акс кардааст, ки дар ҳаёти хоҷагии ӯ роли муҳим бозидаанд. Ин ҳайвонҳо асосан мамонт, оҳу, асп, хук, буз, хирс ва ғайра буданд, ки инсон онҳоро шикор мекард. Баъзан дар сурат ҳайвоне тасвир шудааст, ки тири сихмонанд ҷисми онро шикофтааст. Ҳамаи ин суратҳо, бешубҳа, бо тарзи зиндагии инсон, бо тасаввуроти ӯ дар бораи муҳити иҳотакардааш алоқаманд мебошанд. Аммо суратҳои дар харсангҳо кашидашудаи ҳайвонҳо ё манзараи шикор аз давраи минбаъдаи инкишофи санъат дарак медиҳанд.
Инсон дар асарҳои бадеии нахустини худ он чизҳоеро таҷАССУМ менамуд, ки бароиш хеле муҳим буданд, шуури тараққӣкардаистодаи ӯ на фақат дар суратҳо, балки инчунин дар су- руду рақсҳо ба таври бадеӣ ифода мешуд. Дар баробари су- рудҳое, ки ҳангоми меҳнат ба инсон ёрӣ мерасониданд, суруд- ҳое, низ пайдо мешаванд, ки меҳнатро васф карда, худи про- цесси меҳнатро инъикос мекунанд. Дар бораи ин гуна сурудҳо аз рӯи сурудҳои ба корҳои зироат, заминдорӣ бахшидашудаи ру- сӣ, ки дар онҳо процесси меҳнат тасвир мешавад, тасаввуроте хо- сил кардан мумкин аст. Масалан, дар фолклори рус суруде машҳур аст, ки дар он аз тарафи модар ёд додани усули тай- ёр кардани канаб тасвир шудааст. Дар суруд процесси меҳнат акс мешавад. Инчунин рақсҳое ба вуҷуд меоянд, ки шикорро ифода мекунанд. Шикорчиёни австралиягӣ дар рақсҳои худ ба ҳаракату кирди кори ҳайвонотҳое тақлид менамоянд, ки қабилаашон онҳоро бештар шикор мекунанд.
Инсон дар мубориза барои беҳтар кардани зиндагии худ олоти меҳнатро такмил медиҳад, маҳсули онро меафзояд. Санъ- ат торафт мураккаб шуда, шаклҳояш латифтар мегардад. Агар вай дар ибтидо бо меҳнат алоқаи зич дошта бошад, минбаъд дар баробари инкишофи имкониятҳои моддӣ ва қобилияти маъ- навии инсон ҳамчун воситаи ёрирасон мавқеи худро гум меку- над, акнун вай диққати инсонро ҳамчун санъат ба худ ҷалб менамояд. Инсон аз сурат, рақс, суруд ҳаловат ва завқи эсте- тикӣ ҳосил кардагӣ мешавад. Санъати бавуҷудомадаи инсон дар навбати худ боиси пайдоиш ва инкишофи эҳсосоти эстети- кии худи халқ мегардад. Ба туфайли санъат инсон зебоиро мефаҳмидагӣ ва аз он лаззат бурда метавонистагӣ мешавад.
Ба ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки пайдоиши санъат бо қобилияти санъатро бошуурона эҳсос кардани инсон алокаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё