Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
ва қу муқаддас шуморида мешуданд. Масалан, куку гӯё баҳорро даъват мекардааст. Гузаштагони тоҷикон ин хусусиятро ба мусича нисбат медиҳанд. Гумон доранд, ки хурӯс гӯё ҳар субҳидам офтобро чеғ мезадааст ва бо офтоб, ки гармию равшани медиҳад, қаробате доштааст. Оид ба муборизаи доимии қувваҳои некӣ ва бадӣ ақидаҳои гуногун ба вуҷуд омадаанд, ки таърихи пайдоиши онҳо ба замонҳои хеле қадим мансуб буда, ба заиф ва мутеъ будани инсон дар назди қувва ва ҳодисаҳои табиат вобаста аст. Дар ин хусус образҳои хаёлие офарида мешуданд, ки ба воситаи онҳо инсон қувваи худро эътироф мекард. Ақидаҳои оид ба сеҳру ҷоду, тасаввуроти анимистӣ (ба сухан ва ба шакли одамӣ даровардани ҳар гуна предметҳо ва ғайра) ва тотемистӣ (ба ҳайвон, парранда, растанӣ табдил ёфтани инсон) заминаи пайдоиши аввалин образҳои бадии ва хаёлоти бадей гардидаанд.
Дев, ҷин, парӣ, албастӣ, аждар, Ҳизр ва ғайра, ки дар эҷодиёти даҳоникии аҷдодони халқи тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Миёна, Афғонистон ва Эрон мавқеи калон доранд, образ ва маҳсули хаёлоти бадеии хоси ҷамъияти ибтидоӣ буда, бо таъсири тасаввуроту ақидаҳои дар процесси муборизаи инсон бо қувваҳои фавқулоддаи табиат ба вуҷуд омада, тағйир ва такмил ёфтаанд.
Ақидаҳо ва тасаввуроти анимистию тотемистӣ асрҳои аср дар байни халқҳо давом карда, ба расму оини мардум табдил ёфта ва аз авлод ба авлод гузашта, то замони мо омада расидаанд. Бештарини онҳо мазмуну моҳияти аслии худро тадриҷан гум карда, ҳамчун анъана дар байни одамони аз ҷиҳати илму маданият қафомонда давом мекунанд.
Халқи тоҷик бо шарафи ғалабаи Революсияи Кабири Социалистии Октябрь ба комёбиҳои азими маданӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ соҳиб гардид. Бисёр расму одатҳое, ки бо дараҷаи шуури одамони ҷамъияти феодалӣ ва ҳаёти қафомонда алоқаманд буданд, дар натиҷаи тараққиёти илму маданият аз байн рафтанд. Аммо дар шуури баъзе одамони аз суръати пешравии ҷамъият қафомонда ҳанӯз ҳам эътикод, парастиш, ақида ва тасаввуроти қадимӣ дар шакли хурофот боқӣ мондаанд. Ҳанӯз ҳам онҳо ба «алас-алас» кардани бемор ё «кӯчондан»-и он, ба «пӯкчагузорӣ» барои дафъ кардани «зиён», ба дуохонӣ, ба «гармухунукӣ», ба тӯмор, исрик, «сӯхтан»-и моҳ, офтоб ва ғайра бовар доранд ва дар бораи заминҷунбӣ, тундар ва раъду барк, хушксолӣ, шамолу бӯрон, обхезӣ ва ғайра ақидаю тасаввуроти ғайриилмӣ баён мекунанд.
Дар баробари инкишофи илму маданият ва пропагандаи васеи донишҳои илмӣ, техникӣ ва сиёсӣ боқимондаҳои ақидаю тасаввуроти ба замони мо бегонаю зарарнок нест шуда мераванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё