Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Қисми дуюм
ЖАНРҲОИ ФОЛКЛОРИ ТОҶИК
ФОЛКЛОРИ МАРОСИМӢ
Ҳар як халқ аз рӯи урфу одатҳои миллии худ маросимҳои анъанавӣ дорад, ки аксарияти онҳо бо оин, ақида ва тасаввуроти қадимии мардум алоқаманд мебошанд. Бо мурури замон, вобаста ба ҳодисаҳои гуногуни таърихӣ бисёри расму одат ва маросимҳо аз байн рафтанд, тағйир ёфтанд ва баъзеашон бо таъсири дин хусусияти динӣ гирифтанд.
Маросимҳои халқие, ки то замони мо расидаанд, ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: маросимҳои мавсимӣ, маросими тӯй ва маросими мотам. Дар заминаи ин маросимҳо намудҳои гуногуни эҷодиёти бадеии халқ ба вуҷуд омаданд, ки онҳоро дар илми фолклоршиносӣ фолклори маросимӣ меноманд.
Фолклори маросимҳои мавсимӣ. Маросимҳои мавсимие, ки дар байни тоҷикон маъмулу машҳур будаанд, аз инҳо иборатанд: маросими ҷашни Наврӯз (ё сари сол), маросими пешвозгирии баҳор: сайри гули лола, бойчечак, сайри гули сурх, маросими пешвозгирии айёми киштукор (ҷуфтбаророн, сӯманак), маросими ҳосилгундорӣ, (хирманкӯбӣ, наслгирии ҳайвонот), ҳашар ва барфӣ.
Ҳамаи ин маросимҳо дар фаслҳои гуногуни сол вобаста бо фаъолияти меҳнатии деҳқонон гузаронида мешаванд, ки сабаби маросимҳои мавсимӣ ном гирифтани онҳо ҳам маҳз дар ҳамин аст.
Дар рӯзҳои мо ин маросимҳо чун дар замонҳои пешина дар байни мардуми тоҷик мавқеъ надоранд. Ба сабаби дигаргун шудани ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии халқи тоҷик аксарияти онҳо аз байн рафта, аҳамияти пештараи худро гум кардаанд.
Наврӯз. Наврӯз яке аз маросимҳои қадимтарин буда, дар байни халқҳои Шарқи Миёна ҳамчун ҷашни сари сол қайд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё