Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

иҷтимоии ҷамъиятро дошт. Бинобар ин, масалан, қаҳрамонҳои эпос ва афсонаҳо дар баробари хислатҳои сеҳрангези худ хислатҳои ҳақиқию реалие низ доранд, ки он хислатҳо ба одамони муқаррарии ин ё он давра бегона нестанд. Ҳатто дар образҳои хаёлии душман халқ на фақат як махлуқи даҳшатангези ғайритабибиро тасвир мекунад, балки дар симои он образи ҷамъбастии шахсони истилогар, ғоратгар, золим ва ҷаллодро инъикос менамояд.

Омезиши тасвири шартии хаёлӣ ва ҳаётии реалия ба бисёр образҳои фолклорӣ хос аст. Масалан, дар образи Қоқпарӣ ё Робиани чилгазамӯй, ки дар афсонаҳои тоҷикӣ тасвир шудаанд, халқ на танҳо ҳусну ҷамоли ғайриоддии онҳоро тасвир мекунад, балки хислатҳои типию барои халқи тоҷик хоси онҳоро низ нишон медиҳад.

Ба ҳамин тариқ, ҳаёлот, андешаҳои бадеӣ, ҳодисаҳои мӯъҷизанок ва сеҳрангез, ки дар эҷодиёти халқ мавқеи намоён доранд, бо ин ё он восита бо ҳаёти реалия вобаста мешаванд ва асоси реалистӣ доранд.

Ҳаёлоти бадеӣ, андешаҳои бадеии ҳайратангез, мӯъҷизаю афсун, ки яке аз хусусиятҳои барҷастаи эҷодиёти халқ ба шумор меравад, дар давоми асрҳо аз истеъдоди баланду аз амиқ будани таассуроти эстетикии халқ доир ба воқеаҳои ҳаёт ва ҳодисаҳои табиат шаҳодат медиҳанд. Ин хусусияти фолклор аҳамияти муҳими ғоявӣ дорад. Чи тавре ки А. М. Горький қайд кардааст, ҳаёлот ва орзуҳои романтикӣ ёрӣ расонидаанд, ки «инсон дар олами мавҷудот ғолиб бошад».

Дар байни эҷодиёти бадеии халқ як қатор жанрҳое ҳастанд, ки асоси ҳаётии воқеаҳои дар онҳо тасвиршуда равшантар ба назар мерасад ва персонажҳои онҳо танҳо симои шартии умумихалқӣ (ё зиддихалқӣ) доранд. Мо инро дар афсонаҳои реалистию маишӣ, дар сурудҳои таърихӣ ва лирикии ғайримаросимӣ бештар мушоҳида мекунем. Ин гуна тарзу воситаҳои тасвири бадеӣ ба муносибати тадриҷан аз тасаввуроти мифологии қадимии оид ба олами табиат озод шудани инсон ва ба миён омадани мавзӯъҳои нави инъикоскунандаи фаъолияти меҳнатию зиндагии оилавӣ ва иҷтимоии халқ — яъне дар давраҳои таърихии хеле баъдина аз тарафи халқ ба кор бурда шудаанд.

Дар аксарияти асарҳои фолклорӣ принсипҳои типикунонии бадеии ҳаёт ва тасвири қаҳрамонҳо умумият доранд. Халқ танҳо ҳамон қаҳрамони мусбатро азони худ донистааст, ки бо хислатҳои худ ба завқи он наздик ва ба он ҳамраъй мебошад. Бинобар ин дар образҳои қаҳрамонҳои фолклорӣ характеристикаи типию ҷамъбастшуда мавқеи асосӣ дорад. Чунончӣ, қаҳрамонҳои эпос ва афсонаҳо ё ин ки образи Рустам пеш аз ҳама таҷассумкунандагони беҳтарин хислатҳои паҳлавонони халқӣ буданд; қаҳрамонҳои афсонаҳои ҳаҷвӣ ва латифаҳо Қали зирак, Хоҷанасриддин, Мушфиқӣ, Афандӣ, Алдаркӯса ақлу дониш ва зиракии ба халқ хосро дар рафтору кирдори худ зоҳир мекунанд.

пешина
аз 295
навбатӣ