Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
аз бардошт»; «Шохи дарахти мевадор ҳам аст». Дар ин зарбулмасалҳо монандкунии ҳодисаю предметҳои табиат ва хислатҳои одамиро мебинем, ки аз қувваи таъсирбахши эҳсосӣ ҳосил мегардад. Ё ин ки зарбулмасалҳои зеринро гирем: «То шамол набошад, шохи дарахт намечунбад»; «Об аз сар лой»; «Замин сахт, осмон баланд»; «Мушро ҷонканӣ, гурбаро бозӣ»; «Забони мурғонро мурғон медонанд»; «На сих сӯзад, на кабоб»; «Беша бе шер не, дарё — бе моҳӣ»; «Буз агар хирман мекуфт, хоҷати барзагов набуд» ва ҳоказо. Дар ин ҷо предметҳо, ҳодисаҳо ва амалиёт аз фаъолияту муносибатҳои одамӣ берунанд, аммо дар онҳо мантиқан фаъолияту муносибатҳои байни ҳамдигарин одамон дар назар дошта шуда, зарбулмасалҳо маҳз ба ҳамин мақсад эҷод карда шудаанд. Дар ҳамин приёми адабӣ-бадеӣ хусусияти зарбулмасалҳо низ зоҳир мегардад.
Дар баъзе зарбулмасалҳо мақсаду ғоя бо роҳи параллел (мувозӣ) — гузорӣ, муқоиса ва ё муқобила баён мегардад, ки ин гуна зарбулмасал аз ҷиҳати сохт ба ду тақсим мешавад: яке агар бевосита ба фаъолияту амалиёти одамӣ вобаста бошад, дигаре аз ҳодисаҳои табиат гирифта шуда, амалиёти инсонро тақвият медиҳад. Аммо ҳарду ба ҳамдигар муносибати мантиқию маъмурӣ доранд. Чунончӣ, «Ёр дар хонаю мо гирди ҷаҳон мегардем, об дар кӯзаю мо ташналабон мегардем»; «Абр агар аз қибла хезад, сахт борон мешавад, шоҳ агар одил набуд, мулк вайрон мешавад»; «Бо бадон бад бошу бо некон — накӯ, ҷои гул гул бошу ҷои хор хор»; «Зани бебача — дарахти бемева»; «Олими беамал — занбӯри беасал»; «Бетамизиҳои одам аз сухан пайдо шавад, пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад» ва ғайра.
Дар гурӯҳи сеюми зарбулмасалҳо амалиёту фаъолияти инсон ҷамъбасту хулоса карда шуда, баръакси қисмҳои якум ва дуюм образҳои параллелӣ, муқоисаю муқобилаҳои предмет ва ҳодисаҳои табиат мушоҳида намешавад: «Гадо душмани гадост»; «Дили одаткарда балои ҷон»; «Шунидан кай бувад монанди дидан»; «Соле, ки накӯст, аз баҳораш маълум»; «Тафти одамро одам мебардорад»; «Узри бадтар аз гуноҳ», «То риш набарорӣ, ба кӯса наханд».
Хусусияти дигари бадеии зарбулмасалҳо ба чистонҳо шабоҳат доштани онҳо мебошад. Дар зарбулмасалҳо ҳам монанди чистонҳо пинҳон доштани фикру мақсади аслӣ, ки бо шаклҳои гуногуни баён ва суханҳои образнок ифода меёбад, то андозае мавқеъ дорад. Масалан, «Хар ҳамону полон дигар»; «Ҷорӯби нав тоза мерӯбад»; «Ҷуволи холӣ рост намеистад»; «Кӯзаи нав, оби хунук»; «Давидани гӯсола то кахдон»; «Давои курут — оби ҷӯш»; «Дарро задем, девор кафид»; «Гави бешир овози баланд дорад» ва ғайра.
Аксарияти зарбулмасалу мақолҳои тоҷикӣ дорои вазну қофия мебошанд. Ин гуна зарбулмасалу мақолҳо аз байтҳо иборат буда, аз тарафи ашхоси шоиртабиат ва ё шоирони маълуму

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё