Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҷон хонаи мардум,
На ғами обу на хезум.
Аз сад марди лофзан,
Беҳ кори як зан.
Ҷӯянда — ёбанда.
Гӯсола бо гӯсола — ошнои садсола.
Гӯсола каҳдон холӣ кунад, бача нондон.
Дар сари кор айёр, дар сари ош тайёр.
Дар хона кайвонӣ бисёр шуд, дегу табак мурдор шуд.
Дили модар ба фарзанд, дили фарзанд ба фарсанд.
Ҷои мардон — дар майдон.
Аввал хеш, баъд дарвеш.
Одаму либос, хонаву палос.
Одами бекор — дарахти бебор.

Зарбулмасалу мақолҳои тоҷикӣ аз ҷиҳати забон ва услуб ду равия доранд. Яке, забон ва услуби адабӣ ё ин ки китобӣ, дигаре забон ва услуби гуфтугӯӣ. Масалан, бо забон ва услуби адабӣ:

Ҷон дар бадани беадабон ларзон аст,
Сад ҷон диҳию адаб хари арзон аст.
Хишти аввал чун ниҳад меъмор қаҷ,
То ба охир меравад девор қаҷ.
Гӯсолаи шуданияш аз пояш маълум.
Худама кушу бузама накуш.
Дасти шикаста кор мекунад, дили шикаста не.

Дар баробари ин дар зарбулмасалу мақолҳо таъсири шеваҳои забони тоҷикӣ низ мушоҳида мешавад, ки онро ҳангоми нутқи ин ё он мусоҳиб пай бурдан мумкин аст.

Зарбулмасалу мақолҳои тоҷикӣ асосан умумихалқианд, вале баъзеашон характери маҳаллӣ дошта, ба таври васеъ интишор наёфтаанд ва мафҳуми онҳо фақат барои аҳолии ин ё он маҳал маълум аст. Чунончӣ, «Ванҷи мо — ганҷи мо»; «Сикандар шоҳи мо, роҳи Кайванд роҳи мо»;1 «Ишкам ҷизу биз, фӯта кӯшкорак»; «Аз як палак чанд хел хандалак»; «Ток-рӯда, ангур-тӯда»;2 «Арзани нокошта — ҳай-ҳайи ғунҷишкон»; «Доно ай куртукаш руст мешавад, нодон ай пош»; «Як гард хов, беҳ ай гӯшти гов»;3 «Дунё ба дасти нокасон бозӣ шуд, сангбаққа мурду қурбоққа қозӣ шуд»; «Нафсут куту пут мега, оши бенаҳут мега»; «Хайфи ришум, ки рӯма сиёҳ кард»4 ва ҳоказо.

Мавқеи зарбулмасалу мақолҳо дар осори шоиру нависандагон. Қариб ҳамаи шоиру нависандагон аз зарбулмасалу мақолҳои халқӣ истифода бурдаанд. Зарбулмасалу мақолҳо ҳамчун унсурҳои узвию таркибии образноки забон, ҳамчун материали воситаи тасвирии нависанда дар асари бадеӣ мавқеи муҳим доранд. Роҳ ва мавқеи ғоявию бадеии зарбулмасал дар офаридани

пешина
аз 295
навбатӣ